Рақам 104
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 27.09.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.12.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2022, №23"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана "О внесение изменений и дополнений в Постановление Правления Национального банка Таджикистан от 22 февраля 2022 года, №23"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 04.10.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

   Санаи 22 июни соли 2023, №1968 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” қабул гардид, ки  қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ, меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолият ва ё амалҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми иҷозатдиҳӣ танзим карда мешаванд, муқаррар намуда, ба таъмини риояи стандартҳо, шартҳои тахассусӣ, инчунин ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат равона гардидааст.

   Бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Нақшаи амал оид ба таҳия ба муқаррарроти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда” тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.          

    Инчунин, бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзиму назорати асъор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” санаи 28 марти соли 2024, №157 тағйиротҳо ворид карда шуданд.

    Тибқи тағйиротҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” воридкардашуда муқаррароти Дастурамали №251 бояд ба талаботи моддаи 6 “Хироҷи иҷозатномадиҳӣ” мутобиқ карда шавад. Тибқи муқаррароти он резидентҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт мекунанд.

    Дар баробари ин, мутобиқи зербанди 78, банди 23 “Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда” ба зернамудҳои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ намудҳои зерини фаъолият дохил мешаванд:

- иҷрои кор ва хизматрасонӣ оид ба таъминот, нигоҳбонӣ, таъмир ва ташхису омодасозии ҳавопаймоҳои ширкатҳои хориҷӣ;

-           хизматрасонии консулӣ ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои байналмилалӣ (марзи гумрукӣ);

-           хизматрасонии миёнаравӣ дар хариду фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ҳангоми воридоту содироти онҳо;

-           хизматрасонӣ барои ҳамлу нақли бор дар нақлиёти боркашонии байналмилалӣ, аз ҷумла, хизматрасонии экспедиторӣ, суғуртакунонӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;

-           хизматрасонӣ ба мусофирон дар воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ;

-           ҳангоми фурӯши мол ва пешниҳоди хизматрасониҳо дар мағозаҳои савдои бебоҷ;

-           хизматрасонӣ дар толорҳои фурудгоҳи байналмилалӣ.

    Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” барои амалӣ намудани фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор,  аризадиҳанда барои баррасии ариза ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои гирифтани иҷозатнома хироҷи яккарата ба андозаи 5 (панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо бояд пардохт намояд. 

    Инчунин, барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатномаи додашуда хироҷи минбаъдаи ҳарсола ба андозаи 5 (панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 31 декабри соли тақвимӣ ба буҷети давлатии дахлдор пардохт карда мешавад. 

     Дар баробраи ин, дар лоиҳаи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Дастурамал таҷрибаи дигар давлатҳо, аз қабили Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон омӯхта шуда, масъалаҳои муҳиме, ки дар Дастурамали мавҷуд набуданд, ворид карда мешаванд.

    Дар ҳолати қабул нагардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур  мухолифати муқаррароти Дастурамал ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” бартараф намегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

   Бонки миллии Тоҷикистон ба Дастурамал бо мақсади риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” тағйиру иловаҳо ворид менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Қабул гардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №251 “Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқнамоии муқаррароти онро ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- такмили раванди додани иҷозтнома барои анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ (фаъолияти махсус);

- риояи муқаррароти қонунгузории соҳа;

- раванди пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ва ғ.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

    Масъалаи мутобиқ намудани муқаррароти Дастурамал ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва бидуни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

    Қабули Дастурамал аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

   Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • таъмини риояи муқаррароти қонунгузорӣ асъорӣ;
  • боз ҳам шаффоф гардидани татбиқи самти танзим ва назорати асъор;
  • баланд бардоштани эътимоди ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба Бонки миллии  Тоҷикистон
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 04.10.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00104-MMK-Untitled.FR30.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 03.09.2024
Сабтҳо ёфт нашуд