Рақам | 111 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикимтон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 20.12.2024 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 20.01.2025 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қарор |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ" |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Решение Правительства Республики Таджикистан «О правилах процедуры государственных закупок» |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 20.12.2024 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатӣ” таҳия гардида, расмиёти хариди давлатиро ба таври муфассал тавсиф ва танзим менамояд. Қоидаҳо аз 13 боб ва 6 замима иборат буда, амалҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокдорони хариди давлатӣ, аз қабили мақоми ваколатдор оид ба хариди давлатӣ, ташкилотҳои харидор ва таҳвилгарон (паймонкорон)-ро ба таври мушаххас муайян менамояд. Қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ ҳамаи марҳилаҳои хариди давлатӣ, шурӯъ аз банақшагирии харид то иҷрои шартномаи харидро дар бар гирифта, инчунин меъёрҳои бо Қонун пешбинишуда, аз ҷумла ҳадди нишондиҳандаҳои арзишӣ барои хариди мустақим ва дархости нархномаҳо, муҳлатҳои камтарини ҷалби пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ, давраи интизорӣ, талаботи гирифтан ва нигоҳ доштани эътибори сертификати мутахассиси харид, фаъолияти воҳидҳои харид ва комиссияҳои озмунӣ, ҳолатҳои бозхонд ва боздошти "мақоми ташкилоти харидори соҳибтахассус"-ро муқаррар менамояд. Бо Қоидаҳо расмиёти мушаххаси усулҳои нави харид - музоядаи электронии баръакс (реверсӣ), музокироти рақобатӣ ва созишномаҳои қолабӣ муқаррар карда шуда, татбиқи минбаъдаи онҳо ба шаффофият ва сарфакории маблағҳои давлатӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. Вобаста ба ин, расмиёти хариди давлатӣ вобаста ба ҳамаи марҳилаҳо ва ҳамаи усулҳои харид бояд мушаххас карда шавад. Агар ягон амал андешида нашавад, расмиёти фарогири тамоми ҷанбаҳои харид, ки ба ташкилотҳои харидор ва таҳвилгарону паймонкорон рабт доранд, ҷорӣ шуда наметавонанд. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатӣ” ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Бинобар он, ки хариди давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ анҷом дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои харидро, ки ҳадаф аз он таъмини истифодаи самаранок ва сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ мебошад, муқаррар менамояд. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Муқаррар намудани пайдарпайии ҳамаи марҳилаҳои хариди давлатӣ, шурӯъ аз банақшагирии харид то иҷрои шартномаи харид. Вогузор намудани вазифаҳои дахлдор ба зиммаи ташкилоти харидор барои анҷом додани хариди самаранок ва сарфакорона дар марҳилаи банақшагирӣ (муайян кардани арзиши тахминии харид дар асоси таҳлили бозор ва мониторинги нархҳо, таҳияи дуруст ва пурраи тавсифоти техникӣ, муайян кардани шартҳои таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, муайян кардани талаботи тахасусии дахлдор), дар марҳилаи арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ (дар асоси меъёр, талабот ва методологияи дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраршуда) ва марҳилаи иҷро (танзими масъалаҳои шартномавӣ, маъмурикунонии шартнома ва танзими баҳсҳо). Муайян кардани ҳуқуқу уҳдадориҳои таҳвилгарону паймонкорон дар марҳилаи то кушодавшии пешниҳодҳои озмунӣ (дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ҳуқуқи дархости тавзеҳот ба он), арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ (додани тавзеҳот вобаста ба пешниҳоди озмунӣ, муносибати баробар, маҳдудияти таъсир расонидан ба фаъолияти комиссияи озмунӣ, ҳуқуқ ба шикоят). |
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Муқаррар намудани пайдарпайии ҳамаи марҳилаҳои хариди давлатӣ, шурӯъ аз банақшагирии харид то иҷрои шартномаи харид. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Хароҷоти буҷети давлатиро талаб наменамояд. Ташкилотҳои харидор барои дуруст ва ҳаматарафа анҷом додани харид роҳнамоӣ гардида, дар сурати риоя кардани талаботи Қоидаҳо мол, кор ва хизматрасониҳоро бо нархҳои мувофиқ ва шартҳои муқарраршуда дастрас хоҳанд намуд. Барои таҳвилгарон ва паймонкорон шароити шаффофи расмиёти хариди давлатиро муайян карда шуда, имкон дода мешавад, ки фаъолияти иқтисодиро саривақт ва бо назардошти эҳтиёҷоти давлат ба мол, кор ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта, амалӣ намоянд. Ҷорӣ ва риоя намудани Қоидаҳо ба тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар заминаи принсипҳои муқарраршудаи Қонун ва “таносуби арзиш ва сифат” зимни харҷи маблағҳои давлатӣ мусоидат хоҳад намуд. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 20.12.2024 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Дар барраси |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | |
Тамоси таҳиякунанда | к.Шота Руставели 22, 2231180, info@zakupki.gov.tj |
Санаи нашр | 18.11.2024 |