Рақам |
112
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Шахсони ҳуқуқӣ
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
06.01.2025
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
20.02.2025
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қонун
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок»
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Проект Закона Республики Таджикистан “О внесении изменений и дополнений в Законе Республики Таджикистан «О рынке ценных бумаг»
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
06.01.2025
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти субъектони бозори коғазҳои қиматнок мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ба танзим дароварда шуда, то қабули Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июли соли 2023, №1986 иҷозатномадиҳии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок дар асоси Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 «Дар бораи Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешуд.
Лоиҳаи мазкур ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдӣ» аз 22 июли соли 2023, №1986 ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва нақшаи чорабиниҳои он, таҳия гардидааст.
|
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкурро бо назардошти гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, ки аз талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ» ва супориши банди 6 қарори Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз 30 августи соли 2023, №21 бинобар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» бармеомад, таҳия намудааст.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Натиҷаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур боиси он мегардад, ки иҷрои тавсияҳои ФАТФ дар кишвар амалӣ гардида, раванди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонӣ)-ӣ даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин ба пешгирии ҷинояткории соҳа мусоидат намояд.
Инчунин, дар лоиҳа чораҳои зерин оид ба танзими муносибатҳо дар бозори коғазҳои қиматнок пешбинӣ гардидааст:
– ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок вобаста ба аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок риоя гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– аз иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок талаб намудани иттилоот оид ба гузаронидани мониторинги риояи қонунгузории ҶТ;
– пешниҳод намудани аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок маълумоти зарурӣ ба мақои ваколатдори давлатӣ;
– талабот нисбати шахсон барои таъин шудани роҳбар ва ё аъзои шурои директорон (шурои нозирон), ва ё молик-бенефитсиари иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бошанд;
– уҳдадорӣ нисбати иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок оид ба каидҳо доир ба амалиёт бо муштариёни худ, нусхаи ҳуҷҷатхое, ки барои муайян кардани шахсияти муштарӣ зарур мебошанд, мукотиботи расмӣ, инчунин натиҷаҳои таҳлилҳои гузаронидашударо на кам аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани амалиёт ва қатъ гардидани муносибатҳои корӣ нигахдорӣ намояд.
|
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Натиҷаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур боиси он мегардад, ки иҷрои тавсияҳои ФАТФ дар кишвар амалӣ гардида, раванди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонӣ)-ӣ даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин ба пешгирии ҷинояткории соҳа мусоидат намояд.
Инчунин, дар лоиҳа чораҳои зерин оид ба танзими муносибатҳо дар бозори коғазҳои қиматнок пешбинӣ гардидааст:
– ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок вобаста ба аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок риоя гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– аз иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок талаб намудани иттилоот оид ба гузаронидани мониторинги риояи қонунгузории ҶТ;
– пешниҳод намудани аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок маълумоти зарурӣ ба мақои ваколатдори давлатӣ;
– талабот нисбати шахсон барои таъин шудани роҳбар ва ё аъзои шурои директорон (шурои нозирон), ва ё молик-бенефитсиари иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бошанд;
– уҳдадорӣ нисбати иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок оид ба каидҳо доир ба амалиёт бо муштариёни худ, нусхаи ҳуҷҷатхое, ки барои муайян кардани шахсияти муштарӣ зарур мебошанд, мукотиботи расмӣ, инчунин натиҷаҳои таҳлилҳои гузаронидашударо на кам аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани амалиёт ва қатъ гардидани муносибатҳои корӣ нигахдорӣ намояд.
|
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули лоиҳа аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.
Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ:
- мухолифат миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқи бартарафф мегардад;
- муайян кардани шахсияти муштариёни бозори коғазҳои қиматнок осон мегардад;
- риояи талаботи қонунгузории ҶТ самараноктар мегардад;
- фаъолияти субъектони соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ мегардад;
- барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии субъектони соҳаи бозори коғазҳои қиматнок шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар сурати қабул гардидани тағйиру иловаҳои мазкур тавре зикр намудем, фаъолияти субъектони соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани шуури ҳуқуқии субъектони соҳаи бозори коғазҳои қиматнок шароити мусоид фароҳам меорад.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
27.12.2024
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Дар барраси
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 900784444, Karimzoda87@mail.ru
|
Санаи нашр |
05.12.2024
|