Рақам 114
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Субъектҳои ҳисоботдиҳанда, ки дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” пешбинӣ шудаанд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 09.01.2025
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 28.03.2025
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби пешниҳоди хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок предоставления сообщений о подозрительных операциях и сделках
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 08.01.2025
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 15 марти соли 2023, №1950 дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадориҳоро муқаррар намудааст. Яке аз ин уҳададориҳо ин фавран хабардор кардани мақоми ваколатдор дар бораи ҳама гуна амалиёту аҳди шубҳанок, ки муштариёнашон анҷом додаанд, ё дар бораи ҳама гуна кӯшиши анҷом додани амалиёту аҳди шубҳанок мебошад.

   Тибқи банди 2) моддаи 1 қонуни зикргардида амалиёт ё аҳди шубҳанок ин амалиёт ё аҳд бо молу мулк (воситаҳо), аз ҷумла кӯшиши анҷом додани амалиёт ё аҳд, новобаста аз маблағи он, ки нисбат ба он шубҳа вуҷуд дорад, ки он метавонад бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд бошад, ҳисобида мешавад.

  Субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақоми ваколатдор дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок дар ҳолатҳое хабар медиҳанд, ки агар:

  • асосҳои оқилонаи шубҳанокӣ ҷой дошта бошанд, ки молу мулк (воситаҳо) даромади бо роҳи ҷиноят бадастоварда, аз ҷумла аз ҳисоби ҷиноятҳои асосӣ мебошанд ё амалиёт ва аҳд бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ё маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд мебошанд;
  • яке аз тарафҳои амалиёт ё аҳд шахси воқеӣ, ё ҳуқуқие мебошад, ки нисбат ба он маълумот, ё асосҳои оқилонаи шубҳанокӣ вуҷуд доранд, ки он дар фаъолияти террористӣ, ё паҳнсозии силоҳи қатли ом иштирок мекунад, ё шахси ҳуқуқии бевосита, ё бавосита дар моликият, ё зери назорати чунин шахсон қарордошта, ё шахси воқеии аз ном, ё бо супориши чунин ташкилотҳо, ё шахсон амалкунанда мебошад, дар ҳолатҳое, ки агар чунин шахси воқеӣ, ё ҳуқуқӣ ба рӯйхати таҳримҳо дохил набошад.

   Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки хабар дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок, аз ҷумла дар бораи кӯшиши анҷом додани амалиёту аҳди шубҳанок бояд новобаста аз маблағи амалиёт (аҳд)-и анҷомдода ё анҷомдодашаванда фиристода шавад.

   Хабардор кардани мақоми ваколатдор дар бораи ҳама гуна амалиёту аҳди шубҳанок талаботи тавсияи 20 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) мебошад ва дар ин раванд мутобиқи қатъномаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид №1617 (2005) ва 2462 (2019) давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид уҳдадор мебошанд, ки низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли оми худро ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ намоянд.

   Мутобиқи қисми 4 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” тартиби пешниҳоди хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанокро мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян менамояд (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2024, №846 мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом Бонки миллии Тоҷикистон муайян шудааст).

   Дар ҳолати қабул нагардидани лоиҳаи Тартиби мазкур, пешниҳоди хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақоми ваколатдор мадди назар шуда, боиси афзоиш ёфтани шумораи амалиёту аҳди марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишвар мегардад.

   Илова бар ин, муайян нагардидани механизми пешниҳоди хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақоми ваколатдор низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро осебпазир ва радабандии кишварро аз рӯи татбиқи тавсияҳои ФАТФ паст намуда, мувофиқан ба вазъи иқтисодӣ ва фазои сармоягузории кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

   Мақсади таҳия намудани лоиҳаи Тартиби мазкур ин муайян кардани тартиби пешниҳоди хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

   Лоиҳаи Тартиби мазкур бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияҳои ФАТФ таҳия карда шуда, дар он чораҳои зерин мушаххасан муайян карда мешавад:

  • тартиби пешниҳоди хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақоми ваколатдор;
  • тартиби ҳамкории минбаъдаи субъектҳои ҳисоботдиҳанда бо мақоми ваколатдор ҷиҳати ба мақоми ваколатдор пешниҳод намудани иттилооти иловагӣ дар бораи амалиёт ё аҳде, ки дар бораашон хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок ирсол гардида буд.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

   Бо қабул гардидани лоиҳаи Тартиби мазкур механизми пешниҳоди хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақоми ваколатдор мушаххасан танзим карда мешавад.

   Бидуни қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта ва танзими масъалаи мазкур, инчунин иҷрои талаботи тавсияҳои ФАТФ дар ин самт ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

   Қабули Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

   Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки бо пешниҳод гардидани хабарнома дар бораи амалиёту аҳди шубҳанок аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба мақоми ваколатдор ҳолатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом самаранок пешгирӣ ва коҳиш дода мешаванд. Ба василаи пешгирӣ ва коҳиш додани ҳолатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.  

   Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • андешидани чораҳои муассири пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
  • иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • баланд бардоштани радабандии кишвар вобаста ба татбиқ намудани талаботи тавсияҳои ФАТФ.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 08.01.2025
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 06.12.2024
Сабтҳо ёфт нашуд