Рақам | 12 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 05.12.2019 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 25.01.2019 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Тартиб |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Тартиби ҳисобкунии таносуби меъёрии маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Порядок расчета страховой (перестраховочной) организацией нормативного соотношения собственных средств (капитала) и принятых обязательств |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 25.12.2019 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Айни ҳол аз сабаби мавҷуд набудани меъёрҳои мақбул, таносуби сармоя ва уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) риоя нашуда истодааст, ки ин боиси баланд шудани хавфҳо ва коҳиш ёфтани пардохтпазирӣ мегардад. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор бо сабаби саривақт муайян намудани вазъи молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва андешидани чораҳои зарурӣ Тартиби мазкурро таҳия намудааст. Дар ҳолати бе меъёрҳо фаъолият намудани ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) эҳтимолияти иҷро нашудани уҳдадориҳо дар назди суғурташавандагон ба вуҷуд меояд. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Бонки миллии Тоҷикистон Тартиби мазкурро тибқи талаботи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” таҳия намуда, мақсадҳои асосии он чунин мебошад: - таъмини устувории молиявию иқтисодӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ); - тартиби ҳисобкунии таносуби меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ); - пурзӯр намудани назорат аз рӯи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷиҳати саривақт иҷрогардидани уҳдадориҳои қабулгардида; - имконияти саривақт ва пурра иҷро намудани уҳдадориҳо аз тарафи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар назди суғурташудагон. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар Тартиби мазкур чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори назорати суғуртавӣ бо мақсади таъсис ва нигоҳдории низоми суғуртавии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули инфрасохтори бозори суғурта, бо ташкилотҳои суғуртавӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати таъмини устувории молиявию иқтисодӣ ва пардохтпазирии онҳо гузаронида истодааст. Аммо, ҷиҳати ба танзим даровардани бозори суғурта, тақвият бахшидан ба фазои озоди рақобатноки суғурта, инчунин ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ бидуни қабул гардидани Тартиби мазкур ғайриимкон мебошад. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани он, сатҳи хизматрасониҳои суғуртавӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, ба ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) имкониятҳои васеъро барои сармоягузории маблағҳои мувақаттан озоди худ ба соҳаҳои гуногуни иқсисодиёти кишвар ва дар ин васила мустаҳкам намудани вазъи молиявии худ такони ҷиддӣ мебахшад. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 18.12.2019 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00012-MMK-hisobkunii_tanosubi.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj |
Санаи нашр | 25.11.2019 |