Рақам 19
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии исломӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 13.01.2020
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 04.03.2019
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамал “Дар бораи тартиби пешниҳод намудани маблағгузории исломӣ ва ҳисоб кардани фоида дар ташкилотҳои қарзии исломӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция "О порядке предоставления исламского финансирования и начисления прибыли в исламских кредитных организациях"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 30.01.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Бояд қайд намуд, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти нав буда, айни замон дар ин соҳа зарурати қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо мақсади муқаррар намудани тартиби пешниҳод намудани маблағгузории исломӣ ва ҳисоб кардани фоида дар ташкилотҳои қарзии исломӣ ба миён омадааст. Лозим ба ёдоварист, ки тавре аз таҷрибаи ташкилотҳои қарзии анъанавӣ дида мешавад, дар бештари мавридхо яке аз сабабҳои ба ҳолати ноустувори молиявӣ ва пардохтнопазирӣ дучор шудани ташкилотҳои қарзӣ - ин нодуруст ба роҳ мондани механизми маблаггузорӣ ва ҳисоб кардани фоида дар ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Бинобар ин, мавчуд набудани чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ метавонад хавфи  пардохтнопазирии ташкилотҳои қарзии исломӣ ва талафёбии пасандозу амонатҳои муштариёни онҳоро зиёд намояд.

    

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

      Мақсад аз қабули Дастурамали мазкур ба танзим даровардани раванди пешниҳоди маблағгузорӣ дар ташкилотҳои қарзии исломӣ ва ба ин васила паст кардани хавфи ноустувориии молиявӣ ва пардохтнопазирии онҳо мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Дар Дастурамали мазкур масалаҳои гуногун вобаста ба пешниҳоди маблағгузорӣ танзим мегарданд, аз ҷумла:

     1) тарзи пешниҳод намудани маблағгузориҳои исломӣ, тарзи дурусти ҳисоб кардани фоида ва ба даст овардани он, кор бо маблағгузориҳои мушкилситон;

    2) идорасозии хавфи қарзӣ, сиёсати маблағгузорӣ ва кумитаи маблағгузории ташкилоти қарзии исломӣ, коргузори бо маблағгузориҳои исломӣ, санҷиши дархост барои ба даст овардани маблағгузорӣ, бастани шартномаи маблағгузорӣ, ба расмият даровардани таъминоти маблағгузорӣ, кор бо маблағгузориҳои ҷорӣ ва пардохтнашудаи исломӣ, меъёри ҳисоб кардани фоида ва ба даст овардани он ва инчунин мониторинги маблағгузориҳои мушкилситон пешбинӣ гардидааст.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

      Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Точикистон халли масъалаи мазкурро тавассути ворид намудани тағйиру иловахо ба Дастурамали дар ин самт амалкунандаи ташкилотҳои қарзии анъанавӣ баррасӣ намуда буд, вале бинобар сабаби хусусиятҳои хоси худро доштани фаъолияти бонкии исломӣ ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо мувофиқи мақсад дониста нашуд.

     Аз ин лиҳоз, роҳи ягонаи халли масъалаҳои зикршуда - таҳия ва қабули Дастурамали мазкур мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

      Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар соҳаи низоми бонкии исломии кишвар нав фаъолияти худро шуруъ мекунанд монанди ташкилотҳои қарзии анъанавӣ шароити якхела дошта, барои ба роҳ мондани кор бо маблағгузориҳои исломӣ ва мониторинги онҳо роҳнамои хубе пайдо мекунанд. Ин дар навбати худ боиси пайдо шудани ҷойҳои кории нав ва тақвият бахшидани иқтисоди кишвар ва ҳамзамон низоми бонкии кишвар мегардад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 08.01.2020
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00019-MMK-hisob_k_mablag_islomi.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 25.12.2019
Сабтҳо ёфт нашуд