Рақам | 25 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки воситаҳои мобилии алоқаи барқиро (телефонҳои мобилӣ) ворид ва истифода менамоянд. |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 16.03.2020 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 25.04.2020 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қарор |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ” |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Проект Постановления Правительства Республики Таджикистан «О Порядке регистрации мобильных средств электрической связи и определение функций государственной системы идентификации мобильных средств электрической связи» |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 30.03.2020 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаи воридот, фурӯш ва истифодабарии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ мушкилоти зерин ҷой дорад: - зарари телефонҳои мобилии ғайристандартӣ ба саломатии истифодабарандагони онҳо; - пешбурди чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ; - воридоти телефонҳои мобилӣ ба тариқи қочоқ; - воридоти пардохтҳои андозиву гумрукӣ ба буҷети давлатӣ; - "бозори сиёҳ" дар хариду фурӯши телефонҳои мобилӣ; - фурӯши телефонҳои мобилӣ тариқи интернет ва муросилоти почтавӣ; - барасмиятдарории гумрукии воридоти телефонҳои мобилӣ. Дар сурати саривақт қабул нагардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт, воридоти телефонҳои мобилии ғайристандартӣ идома ёфта, эҳтимолияти зарар ба саломатии истифодабарандагон боқӣ монда, воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта, дар ин замина пардохтҳои андозиву гумрукӣ ба буҷети давлатӣ ба таври дахлдор ворид намегарданд. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсад аз қабули қарори мазкур мушаххас намудани танзими воридоти воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ташаккули маҳзани иттилотии ягонаи дорои маълумот оид ба Рамзи Ҳаммонандсозии Ягонаи Байналмилалии (РҲЯБ) ҳамаи телефонҳои мобилии истифодашаванда, барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ воридшаванда ва дарёфти сарчашмаи иловагии пардохтҳои андозиву гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мебошад. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар Лоиҳаи қарори мазкур ҷиҳати ҳалли мушкилоти зикргардида чунин чораҳо муқаррар карда мешаванд: - бақайдгирии ҳар як воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифодашаванда ва воридшаванда дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ; - таъсиси марказҳои бақайдгирӣ, муҷаҳазонидани онҳо бо таҷҳизот ва барномаҳои дорои маълумоти идентификатори байналмиллалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ; - ташкили махзани ягонаи маълумотҳо ҷиҳати сари вақт ва бо сифат анҷом додани хизматрасониҳо ба муштариён; - ташкили феҳристи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ. |
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Лоиҳаи мазкур бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ҷиҳати ба танзим даровардани воридоти воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва мусоидат намудан ба дарёфти сарчашмаҳои иловагии воридоти пардохтҳои андозиву гумрукӣ ба буҷети давлатӣ таҳия карда шуд. Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида, аз тарафи Хадамоти гумрук корҳои зерин анҷом дода шуд: - аз ҷониби мутахассисони хадамотҳои гумруку алоқа масъалаи мазкур мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шуда, бо дарназардошти манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, бехатарии амниятии кишвар ва аҳамияти таъсири мусбӣ ба ҷамъоварии пардохтҳои андозиву гумрукӣ ба буҷети давлатӣ, амали саривақтӣ ва зарур арзёбӣ гардида, аз ҷониби мо масъалаи мазкур ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва аҳолӣ фаҳмонида шуд; - бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба овозаҳои беасос дар байни аҳолӣ ҷиҳати аз қайд гузаронидани телефонҳои мобилӣ, воридоти онҳо ба тариқи имтёз ва фурӯш, ҷойгир намудани марказҳои хизматрасонии маълумот дар раванди ҳифзи саломатии истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ бо назардошти истифодаи таҷҳизотҳои муосири технологии ба стандарт ҷавобгӯ ва ройгон гузаронидани бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба таври айёну шаффоф бо мақомоти давлатӣ ва шабакаҳои алоқаи барқӣ мубодилаи тарғиботиву дастурдиҳӣ тариқи пешниҳоди хулосаҳо бар роҳ ва дастур дода шуд; - ҳамзамон, бо сохторҳои қудратӣ дар пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ, пешгирӣ намудани воридоти телефонҳои мобилӣ ба тариқи қочоқ, аз байн бурдани фурӯши ғайриқонунии (пинҳонӣ) телефонҳои мобилӣ дар "бозори сиёҳ", танзими фурӯши телефонҳои мобилӣ тариқи интернет ва муросилоти почтавӣ, таъмини пурраи барасмиятдарории гумрукии воридоти телефонҳои мобилӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуд; - таҷрибаи давлатҳои хориҷи дуру наздик дар самти ташкили назорат ва бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар ҷумҳуриҳои Туркия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қазокистон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, корҳои дар боло зикршуда ҷиҳати танзими муносибатҳои мазкур бидуни қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Аз ин рӯ, лоиҳаи мазкурро барои танзими воридоти воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ пешниҳод менамоем. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули қарори мазкур, маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб накарда, балки барои дарёфти сарчашмаи иловагӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ равона карда шудааст. Дар сурати қабул гардидани қарори мазкур воридоти воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба танзим дароварда шуда, воридоти онҳо ба тариқи қочоқ пешгирӣ шуда, пеши роҳи фурӯши ғайрқонунӣ дар “бозори сиёҳ” гирифта мешавад. Ҳадафи дигар аз ҷорӣ намудани Системаи мазкур, ин таъмини амнияти кишвар ва бо ин васила дуруст ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти пешгирии хавфи зуҳуротҳои террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ), аз ҷониби мақомоти ваколатдор мебошад. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 19.03.2020 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Не |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00025-MMK-ogokhinomai-nakshai-alokai-barki.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш.Душанбе к. Бухоро 50/1, 918408925, matluba16@mail.ru |
Санаи нашр | 25.02.2020 |