Рақам 30
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото машғуланд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.08.2020
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.10.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Лоиҳа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172".
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Проект Постановление Правительства Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, №172".
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 12.09.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», тағйирот ворид карда шуда, фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард) аз моддаи 17 ба моддаи 18 аз  номгуи намудҳои фаъолияти “умумӣ” ба номгуи намудҳои “махсус” гузаронида шуданд.

       Аз ин лиҳоз, зарурати мутобиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2007, №172 “Дар бораи Низомнома оид ба хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба миён омадааст.

      Айни замон, барои тамоми намуди фаъолияте, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешбинӣ шудааст, пардохт барои дастрас намудани иҷозатнома 812 сомонӣ (232 сомонӣ барои баррасии ариза ва 580 сомонӣ барои додани  иҷозатнома) муқаррар карда шудааст.

       Мутобиқи қисми 3 моддаи 16 ҳамин Қонун андозаи ҳаққи иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти махусус, ки дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳар намуди фаъолият дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян мекунад.       

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Пешниҳод карда шуда истодааст, ки барои як соли амали иҷозатнома ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти иҷозатномадиҳӣ аз рӯи самт, ҳақи иҷозатнома ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:

- фаъолияти ломбард - 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- фаъолияти идораҳои букмекерӣ 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 

- фаъолияти кассаҳои тотализаторӣ – 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- фаъолияти бозии лото барои соҳибкорони инфиродӣ 500 (панҷсад) ва барои шахсони ҳуқуқӣ 1000 (ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Вобаста ба масъалаи баланд бардоштани андозаи ҳақи иҷозатнома, супориши Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2019, №141175(23-4) низ барои иҷроиш ба Вазорати молия ворид гардидааст.

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Натиҷаи тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мазкур боиси он мегардад, ки ҳар як довталаби иҷозатнома ва ё шахсе, ки барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат менамояд, пас аз бевосита ба Буҷети давлатӣ пардохт намудани маблағҳои дахлдори иҷозатнома кушиш ба харҷ намедиҳад, ки ба шахсони алоҳида, шахсони мансабдор ва ё ҳамагуна шахсони миёнарав амали муайянеро анҷом диҳад. Бояд тазаккур дод, ки ҷорӣ намудани механизми мазкур боиси то як сатҳи назаррас паст намудани ҳолатҳои ба миён омадани омилу сабабҳои характери коррупсионидошта ва ҳамагуна кирдорҳои номатлуб мегарданд.

Қайд кардан зарур аст, ки вазъи ташкили тиҷорати бозӣ дар кишвар воқеан ташвишовар буда, танзими ин соӽа айни замон такмил ва дастгирии давлатиро тақозо намуда, ворид намудани тағйиру иловаӽои дахлдор бо мақсади дуруст ва бо дарназардошти манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ ба роҳ мондани ин фаъолиятҳо боиси пешгири намудани ҳамагуна кирдорҳои номатлуб мегарданд. 

Ҳамзамон иброз менамоем, ки танзими дурусти фаъолиятҳои марбут ба Тиҷорати Бозӣ (Бизнеси Бозӣ) дар он ифода меёбад, ки дар тамоми ҷаҳон ва давлатҳои муттарақӣ ин фаъолиятҳо бо қонунгузории дахлдор ба танзим дароварда шуда, шарту шароитҳои он вобаста ба вазъи молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии ҷамъиятию давлатӣ, инчунин даромаднокии аҳолӣ мушаххас муайян карда шудааст. Ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба низом даровардани онӽоро бо он асоснок менамоем, ки айни ҳол вазъи молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ дар қисмати даромаднокӣ,  назар ба дигар давлатҳо начандон зиёд мебошад ва беҳудаю баҳуда, инчунин роҳ додан ба ҳамагуна кирдорҳои исрофкоронае, ки шаҳрвандон новобаста аз иродаи худ дучори (азарти) чунин бозиҳо мегарданд, ба мақсад мувофиқ намебошад.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Хангоми кабули карори мазкур мо метавонад ба ноил гардидан ба натиҷаи назарраси зерин мусоидат намояд:

  • талабот ба додани иҷозатнома нисбати шахсоне, ки хоҳиши ба фаъолияти идораҳои букмекерӣ машғул шуданро доранд пурзур гардида, бо мақсади кам гардидан ва пешгирӣ аз содир гардидани ҳуқуқвайронуниҳо дар соҳа  меъёри махсуси маҳдудкунанда муқаррар карда мешавад;
  • фаъолияти гаравхона ҳамшабеҳи фаъолияти ташкилоти қарзӣ буда, дар тамоми давлатҳои дунё аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти бонкӣ ба намуди махсуси фаъолияти иҷозатномадиҳанда шомил мебошад. Дар шароити кунунӣ даромаднокӣ, гардиши маблағ ва ҷалби мизоҷон аз рӯи нишондиҳанда, баробар ба чунин ташкилотҳо мебошад;
  • ҷиҳати танзими соҳа машғул шудани ширкатҳои якрӯза ва ё тасодуфӣ ба фаъолияти гаравхона пешгирӣ карда мешавад;
  • масъалаи мазкур метавонад яке аз сарчашмаҳои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ гардад.
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Кабули карори мазкур  аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Карори мазкур самаранокии сатҳи баланди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, дастрасии низоми содда ва қулайи соҳибкорӣ, роҳандозии низоми самараноки андозӣ дар ин самт, ҳамчунин, самаранокии низоми буҷети давлатӣ дар сатҳи лозима ба роҳ монда мешавад.

Дар баробари ин дар заминаи дигар меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи дастрасии ноболиғон барои машғул шудан ба фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, инчунин, пешгирии аҳолӣ аз ҳар гуна фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва беасос дар соҳаи мазкур ба шумор меравад. 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 10.09.2020
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00030-MMK-ogokhinomai-karori-khuk.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 988378978, anvzar051056@mail.ru
Санаи нашр 11.08.2020
Сабтҳо ёфт нашуд