Рақам 47
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.09.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.11.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамал "Оиди талабот нисбат ба гузаронидани санҷиши фишороварӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция "О требованиях к проведению стресс-тестирования в кредитных финансовых организациях"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 23.09.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

    Дастурамал “Оиди талабот нисбат ба гузаронидани санҷиши фишороварӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ” (минбаъд – Дастурамал) мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, қисмҳои 2 ва 5 моддаи 42 ва сархати сеюми банди 1 моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” тартиби гузаронидани санҷишҳои фишоровариро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ муқаррар менамояд.

     Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти пешбинии ҳар гуна хавфҳое, ки ба устувории фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дар маҷмӯъ низомӣ бонкӣ таҳдид менамоянд ва дар натиҷа, пешгирӣ ва ё бартараф намудани ҳамин гуна хавфҳо қабули дастурамали мазкур зарур шуморида мешавад.

 Мавҷуд набудани тартиби пешбинии таъсири хавфҳои дохилӣ ва берунӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои номусоид, инчунин, муайян намудани таъсири онҳо ба фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, яке аз мушкилотҳои низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад.

    Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти пешбинӣ ва натиҷаи таъсири хавфҳо   ба фаъолияти онҳо  ғайриимкон мегардад, ки ин боиси рух  додани талафоти зиёд чи дар сатҳи як ташкилоти қарзии молиявӣ ва чи дар сатҳи низоми бонкӣ ва ниҳоят, иқтисодиёти кишвар хоҳад гардид.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Ҳангоми рух додани буҳронҳои шадид масъалаи устувории ташкилотҳои қарзӣ бениҳоят муҳим буда, дар таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ истифодабарии санҷиши фишороварӣ чи дар сатҳи ташкилот ва чи дар сатҳи низом ба роҳ монда шудааст. Буҳронҳои гузашта нишон додаанд, ки мақоми роҳбарикунандаи бонкҳое, ки ҳангоми қабули қарорҳои стратегӣ натиҷаҳои санҷишҳои фишороварии гузаронидашударо истифода карданд, буҳронро бомуваффақият паси сар намуданд. Бидуни таҳияи Дастурамали мазкур дигар роҳҳои ҳалли мушкилоти дар самт ҷойдошта вуҷуд надорад.   

Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда,стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣва тавсияҳои худро муқаррар менамояд.

    Дастурамали мазкур барои ташкил ва таъмини фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти идоракунии хавфҳо ба воситаи гузаронидани санҷишҳои фишороварӣ ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии муҳим ба ҳисоб рафта, мушкилоти айни ҳол мавчуд набудани тартиби танзими раванди пешбинии хавфҳо ва тасъсири онҳоро ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, низоми бонкӣ ва дар умум ба иқтисодиёти кишвар метавонад бартараф намояд.

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Мақсади Дастурамали мазкур муайян намудани талабот нисбат ба гузаронидани санҷиши фишороварӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи масъалаҳои зерин мебошад:

-ҷорӣ ва истифода кардани санҷишҳои фишороварӣ;

- намудҳои санҷишҳои фишороварӣ;

- сохтори санҷиши фишороварӣ;

- нақши Шӯрои нозирон ва Раёсат;

-назорати дохилӣ, сиёсатҳо ва тартиботи

 дохилӣ;

- инфрасохтори иттилоотӣ ва ТИ;

- методологияҳои санҷишҳои фишороварӣ;

- сенарияи санҷиши фишороварӣ;

- санҷишҳои фишороварии баръакс ва ғ.             

Дастурамали мазкур бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва таклифу пешниҳодҳои коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ таҳия гардида, асосҳо ва қоидаҳои гузаронидани санҷиши фишоровариро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, пешбинӣ ва бартараф кардани талафот ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фишорӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории санҷишҳои фишороварӣ, вобаста ба натиҷаи санҷиши фишороварӣ қабули қарорҳои ояндабинонаи роҳбарияти ташкилоти қарзии молиявиро ва дигар масъалаҳои марбутаро  пешбинӣ менамояд.

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия дода буд, ки барои пешгирии хавфҳо гузаронидани санҷиши фишоровариро ба роҳ монда, натиҷаҳои онро дар фаъолияти худ истифода баранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама ташкилотҳои қарзии молиявӣ гузаронидани санҷишҳои фишоровариро ба роҳ мондаанд, ки ин ба устувории молиявии низом метавонад таъсири манфӣ расонад. Ҳамзамон барои ҳалли ин мушкилот, Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли озмоишӣ мунтазам санҷишҳои фишоровариро гузаронида, натиҷаҳои онро ба бонкҳо ирсол менамояд.        

Чораҳои андешидашуда роҳи ҳали масъалаи мазкур набуда, бидуни таҳия ва қабули дастурамал гузаронидани санҷиши фишороварӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда намешавад.  

 

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

    Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Айни замон ҷиҳати танзим намудани фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба гузаронидани санҷиши фишороварӣ ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия нагардидааст.

        Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • новобаста аз пайомадҳои номусоиди дохилӣ ва берунӣ пешбурди фаъолияти устувори ташкилоти қарзии молиявӣ;
  • баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар
  • баланд бардоштани боварии аҳоли ба низоми бонкӣ;

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • барои суботи низоми бонкӣ мусоидат менамояд;
  • дар умум ба фаъолияти низоми бонкӣ, ки яке аз шохаи асосии рушди иқтисодиёти кишвар мебошад, мусоидат хоҳад кард.
  • дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар таъсири мусбӣ мерасонад.

 

       Бинобар ин, дар ҳолати таҳия ва татбиқ гардидани чунин санад, ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд  новобаста аз пайомадҳои номусоид фаъолияти усутувор дошта бошанд.

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 23.09.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00047-MMK-#47.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 23.08.2021
Сабтҳо ёфт нашуд