Рақам | 48 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Бонки миллии Тоҷикистон |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 15.09.2021 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 03.11.2021 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қарор |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Қоидаҳои фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо” |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Постановления Правления Национального банка Таджикистана "О внесении изменений и дополнений в “Правила функционирования Автоматизированной системы межбанковских денежных переводов” |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 01.10.2021 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Айни замон аз ҷониби як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ қабули пардохти мол ва хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ тариқи QR-рамз ба роҳ монда шудааст. Ҳар як ташкилоти қарзии молиявӣ QR-рамзи худро таҳия намудаанд ва мизоҷони ташкилоти қарзии дигар наметавонанд ба воситаи ҳамёнҳои электронии худ ва ё бонкинги мобилӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ пардохтро тариқи QR-рамз амалӣ намоянд, ки чунин ҳолат ба мизоҷон вазъияти ногуворро ба миён овардааст. Бо сабаби мавҷуд набудани талаботи ягонаи QR-рамз ва заминаи техникӣ бо мақсади ҳисоббаробаркунӣ зарурат пеш омадааст, ки санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор тасдиқ карда шавад. Бо мақсади роҳандозии технологияи молиявию инноватсионӣ барои васеъ намудани хизматрасонии бонкӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани талаботи таҳияи QR- рамзи ягонаро бо стандарти EMV (минбаъд – EMV QR) - ҳамчун яке аз усулҳои пардохти мол ва хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, қарори ворид намудани тағъиру иловаҳо ба “Қоидаҳои фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо” (минбаъд – Лоиҳа)-ро таҳия менамояд. Қарори мазкур бо мақсади татбиқ намудани рамзи ягонаи EMV QR, тартиби таҳия ва ҳисоббаробаркунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати қабул нагардидани Лоиҳа ва андешида нашудани ягон амал, ҳолати мазкур барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ монеа шуда метавонад. Инчунин, қабул намудани рамзи ягонаи EMV QR барои он зарур аст, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи амалиётҳои мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда, назорати минбаъдаи фаъолияти субъектҳои назоратшаванда ба роҳ монда мешавад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Дар солҳои охир ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири пардохтиро татбиқ намуда, ба аҳолӣ имконияти осону мусоид ва ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро бо истифода аз хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз қабили бонкдории мобилӣ, интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва ҳамёнҳои электронӣ бомуваффақият пешниҳод намуда истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ чораҳои андешидашудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои афзоиш ёфтани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мусоидат намуда истодаанд. Давлат барои вусъат додан ва ҷорӣ гардидани хизматрасониҳои муосири пардохтӣ бо истифода аз хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ҳавасманд мебошад, зеро сиёсати мазкур барои таъмин намудани пардохтҳои чакана ва интиқоли маблағ, паст намудани хароҷотҳои муомилоти пули нақд равона гардида, шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, афзоиши дастрасӣ ба хизматрасониҳои пардохтӣ ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони ин хизматрасониҳоро таъмин ва барои ташаккули фазои озоди рақобатпазирӣ ва пешбурди фарогирии молиявӣ мусоидат менамояд. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Лоиҳаи мазкур чораҳои мазкурро пешбинӣ менамояд:
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Тӯли ду соли охир зарурати ҷорӣ намудани тартиби истифодабарии QR рамзи ягона аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ масъалагузорӣ карда мешавад (ҷаласаи Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон санаи 30.07.2019) ва (ҷаласаи иштироккунандагони Ассотсиятсияи тиҷорати электронӣ санаи 19.12.2019). Аммо лоиҳаи мазкур то ҳол амалӣ нашудааст. Яке аз мушкилиҳои асосӣ ин набудани маркази ягонаи ҳисоббаробаркунӣ мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон 19 июли соли 2019 Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳоро ҷорӣ намуд, ки аз 3 қисмат иборат буда, яке аз қисматҳои он барои пардохтҳои босуръат муқаррар карда шудааст. Пардохтҳои босуръат, ки барои интиқоли пардохтҳои босуръат, дастгирии хизматрасонӣ оид ба қабул, коркард ва интиқоли пардохтҳои босуръат дар реҷаи 24 соат дар як рӯз, 7 рӯз дар як ҳафта ва 365 рӯз дар як сол бо ёрии зернизомҳои худ ва маҷмӯи барномавӣ-техникӣ пешбинӣ шудааст, барои ҳисоббаробаркунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи амалиётҳои ғайринақдӣ, ки бо истифодабарии рамзи EMV QR амалӣ шудаанд, татбиқ карда мешавад. Бо сабаби он, ки чораҳои андешидашуда дар доираи ҳамкории ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар Пайнавишти вохӯрии кории аъзоёни Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон вобаста ба кор карда баровардани талаботи ягонаи QR-рамз, инчунин Регламенти қабулшудаи аъзоёни Ассотсиятсияи тиҷорати электронӣ оид ба марҳилаҳои гузариш ба QR-рамзи ягона натиҷа надод, бинобар ин қабули Лоиҳаи мазкурро зарур мешуморем. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабул гардидани Лоиҳаи мазкур ба оқибатҳои мусбии иҷтимоию иқтисодӣ оварда мерасонад, аз ҷумла:
Оқибатҳои иқтисодӣ:
Оқибатҳои иҷтимоӣ:
Қабули Лоиҳаи мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 05.10.2021 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00048-MMK-#48.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj |
Санаи нашр | 30.08.2021 |