Рақам 58
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Операторони низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасонии инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошанд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.06.2022
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.08.2022
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок проведения проверок поднадзорных организаций
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 10.07.2022
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои пардохтӣ, Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии “Тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда” (минбаъд–Тартиб)-ро тибқи қисми 5 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” таҳия намуд.

    Тартиби мазкур бо мақсади татбиқ намудани муқаррароти он нисбати операторони низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошанд (ташкилотҳои назоратшаванда) пешбинӣ шудааст.

     Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда хусусияти ба худ хос доранд ва санҷиши фаъолияти онҳо бояд дар асоси назорати ба хавф нигаронидашуда, тибқи принсипҳои инфрасохтори бозори молиявӣ, ки дар ҳамбастагӣ аз ҷониби Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ва Ташкилоти байналмилалии комиссияи коғазҳои қиматнок тавсия дода шудаанд, амалӣ гардад.

    Бо сабаби мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда, зарурат пеш омадааст, ки санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва тасдиқ карда шавад, то ин ки фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” (№1397 аз 24 февралисоли 2017), инчунин санадҳои меърии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқ гарданд.

     Дар ҳолати қабул нагардидани қарори мазкур ва андешида нашудани ягон амал, санҷиш ва баҳогузории фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда барои таъмин намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонкимиллии Тоҷикистон, инчунин стандартҳои байналмилалӣ, мониторинг ва идоракунии хавфҳои марбут ба фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда, ташкили назорати дохилӣ, ҳамчунин ошкор намудани амалу кӯшишҳое, ки ба манфиатҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ таҳдид мекунанд, номумкин мегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Айни замон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ба 8 низоми пардохтии байналмилалӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошанд, иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст.

     Дахолати давлат дар робита ба санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда барои он зарур аст, ки дар ин самти фаъолият то ҳол санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дахлдор мавҷуд набуданд. Фаъолияти оператори низоми пардохтӣ тибқиқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти иҷозатномашаванда дохил буда, танзим ва назорати минбаъдаи фаъолияти субъектҳои назоратшавандаро дар доираи талаботи қонунгузорӣ талаб менамояд.

     Тартиби мазкур барои назорати фаъолияти ташкилотҳоиназоратшаванда санади меъёрии ҳуқуқии муҳим ба ҳисоб рафта, мушкилоти амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бартараф менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Лоиҳаи Тартиби мазкур дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар якҷоягӣ бо мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар заминаи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

   Дар заминаи таҳия ва қабул намудани Тартиби мазкур, гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда аз ҷониби кормандони ваколатдори Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд Гурӯҳи санҷишӣ) муқаррар мешавад.

    Тартиби мазкур андешидани чораҳои зеринро доир ба гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда пешбинӣ менамояд:

  • ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилоот (аз ҷумла маълумоти ҳисоботҳо), ки ба фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низомҳои пардохтӣ, инчунин сохтори ташкилӣ ва идоракунии хавфҳо дахл дорад;
  • муайян намудани ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва вазифаҳои Гурӯҳи санҷишӣ, роҳбар ва аъзои он;
  • муайян намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилоти назоратшаванда, роҳбар ва кормандони масъули он;
  • муқаррар намудани тартиби омодагӣ ва гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда аз ҷониби Гурӯҳи санҷишӣ;
  • ҷорӣ намудани талаботҳо нисбат ба таҳия намудани санади санҷиш ва тартиби пешниҳоди он;
  • санҷиши иҷрои нақшаҳои чорабиниҳои ташкилоти назоратшаванда, ки барои рафъи камбудиҳои ошкоршуда равона шудааст;
  • татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои назоратшаванда риоя нашудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, бо мақсади пешбурди назорати фаъолияти операторони низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон механизми пешниҳоди ҳисоботҳои операторони низоми пардохтӣ тибқи санади меъёрии ҳуқуқии “Тартиби пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти низоми пардохтӣ” (қарори Раёсати БМТ №76 аз 05.07.2019) то инҷониб амалӣ карда мешавад. Санади меъёрии ҳуқуқии зикргардида дар заминаи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ бо иштироки мушовирони байналмилалӣ таҳия шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30 июли соли 2019, №982 ба қайд гирифта шудааст. Санади меъёрии ҳуқуқии зикргардида яке аз қисматҳои пешбурди назорати низоми пардохтӣ ба ҳисоб рафта, танҳо тартиби аз ҷониби операторони низоми пардохтӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳоро танзим менамояд ва гузаронидани санҷиши дурустӣ ва пуррагии ҳисоботҳоро имкон намедиҳад.

     Илова бар ин, тибқи моддаҳои 20 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” бо мақсади муайян намудани тартиби амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни он, талабот ба низоми пардохтии аҳамиятнок ва идоракунии хавфҳо дар он, инчунин тартиби санҷидани мутобиқати қоидаҳои низоми пардохтии аҳамиятнок ба талаботи муқарраргардида санади меъёрии ҳуқуқии “Тартиби амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2021, №62 қабул гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 29 июли соли 2021, №1089 ба қайд гирифта шудааст. Тибқи санади мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои назоратии худ оид ба назорати низоми пардохтӣ бояд санҷиши фаъолияти операторони низоми пардохтиро гузаронад, ки набудани тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда, анҷом додани чунин санҷишҳоро мушкил мегардонад.

    Бинобар ин, қабули Тартиби мазкур барои гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда пешбинӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ дар самти мазкур мусоидат менамояд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

     Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

     - боиси пешравии фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда дар чорчӯбаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мегардад;

   - ба рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои пардохтӣ, таъмини субот, бехатарӣ ва муассирии низоми пардохтӣ мусоидат менамояд;

     - кафолати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳо ва таъмини фазои одилонаи рақобатпазир  мегардад.

 

        Оқибати иқтисодии лоиҳаи мазкур:

      - мусоидат ба фаъолияти мунтазаму босамару низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 08.07.2022
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00058-MMK-#58.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 08.06.2022
Сабтҳо ёфт нашуд