Рақам | 79 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки ҳамчун агентҳо (субагентҳо)-и бонкии пардохтӣ фаъолият менамоянд |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 01.12.2023 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 31.01.2024 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қарор |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №51” |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в постановление Правления Национального банка Таджикистана от 12 апреля 2018 года, №51” |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 03.12.2023 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Бо назардошти рушди технологияҳои пардохтӣ, зиёд гардидани роҳ ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои бонкӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ тавассути агентҳои бонкии пардохт (АБП) ва ё субагентҳои бонкии пардохтӣ (САБП) ба баъзе мушкилиҳо дучор шуда истодаанд. Аз ҷумла, бо назардошти васеъ гардидани шабакаи агентии ташкилотҳои қарзии молиявӣ зарурат ба пеш омадааст, ки номгӯйи хизматрасониҳои агентҳои бонкии пардохтӣ мушаххас карда шуда, ба фаъолияти АБП/САБП як қатор талабот ворид карда шавад. Инчунин, шакли ҳисоботе, ки дар тартиб оварда шудааст, ба талаботи замона ҷавобгӯ набуда, гузаронидани корҳои таҳлилиро мушкил карда истодааст. Аз ин лиҳоз, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №51 "Дар бораи Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо" ба миён омадааст. Дар ҳолати қабул нагардидани қарори мазкур гуногунфаҳмӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ тавассути АБП/САБП зиёд гардида, метавонад боиси пастшавии сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, хусусан дар ноҳияҳои дурдасти кишвар гардад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми батанзимдарорандаи низоми бонкӣ бо мақсади тавсеаи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ қабули қарори мазкур ва ба ин васила ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро зарур мешуморад. Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳои мазкур дар радифи иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ҷиҳати мусоидат намудан ба рушди шабакаҳои дастрасии хизматрасониҳои моливии рақамӣ нигаронида шудааст. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар доираи лоиҳаи қарори мазкур масъалаҳои зерин мавриди танзим қарор мегиранд:
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Ба ҷуз қабули қарори мазкур дигар роҳи ҳал кардани мушкилиҳо вуҷуд надоранд, зеро маҳз Тартиби зикршуда санади меъёрии зерқонунӣ буда, тартиби ҷалби АБП/САБП ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳоро муқаррар менамояд. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Бо қабули қарори мазкур пешниҳоди хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавассути ҷалби АБП/САБП васеъ гардида, боиси баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба онҳо, хусусан дар минтақаҳои дурдасти кишвар мегардад. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 02.12.2023 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00079-MMK-672_146.2s_651037.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj |
Санаи нашр | 03.11.2023 |