Рақам | 8 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Ташкилотҳои қарзӣ |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 01.12.2019 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 31.12.2019 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Дастурамал |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Дастурамал “Оид ба тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва ифшои маълумот ба муштариёни ташкилотҳои қарзӣ” |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Инструкция №_ «О порядке предоставления финансовых услуг и раскрытия сведений потребителям кредитных организаций» |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 07.12.2019 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва ифшои маълумот ба муштариён, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳо ҳолатҳои поймол гаштани ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон ба назар мерасад. Алалхусус ҳангоми бастани шартномаҳои қарзӣ ташкилотҳои қарзӣ ба муштариён маълумоти дахлдорро доир ба хусусиятҳои хоси пешниҳоди қарз, аз ҷумла муҳлати баргардонидан, мақсаднокии қарз, фоизҳои ҷаримавӣ, таъминнокии қарз ва ғайра ифшо наменамоянд ё маълумотҳои мазкурро дар шартнома бо ҳуруфи хурд менависонанд, ки дар натиҷа боиси аз тарафи истеъмолкунанда дарк нагардидани онҳо мегардад. Бинобар сабаби пешниҳод кардани маълумотҳои нопурра ва носаҳеҳ ё умуман пешниҳод накардани маълумотҳои дахлдор ҳангоми хизматрасонии молиявӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ муштариёни худро ба қабул намудани қарорҳои нодурусти иқтисодӣ маҷбур месозанд, ки ин ҳолат ба ногувор гаштани вазъи молиявии муштариён ва ҳам худи ташкилотҳо оварда мерасонад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Новобаста аз он, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2018 ҳамчун мақомоти ягонаи ваколатдори давлатӣ дар самти танзиму назорати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ эътироф карда шудааст, вале то кунун санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷиҳати танзим ва назорат намудани самти мазкур, бахусус дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва ифшои маълумот ба муштариён аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин зарурати таҳия ва қабул намудани Дастурамали мазкур ва дахолати давлат дар самти зикршуда ба миён омадааст. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар заминаи таҳия ва қабул намудани Дастурамали мазкур, чораҳои пешгирии ҳолатҳои поймол гаштани ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон пешбинӣ карда мешаванд. Аз ҷумла:
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Дастурамали мазкур дар оянда ба муштариёни ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати пайдо намудани маълумоти пурра вобаста ба ҳар як намуди хизматрасонӣ, интихоби дурусти он мувофиқан ба кору фаъолияти муштарӣ ва инчунин огоҳ шудан аз хавфҳои молиявӣ ҳангоми истифодабарии хизматрасониҳои молиявӣ ва дар ин замина зиёд намудани сатҳи маърифати молиявии худ имконияти хуб фароҳам меоварад. Дар маҷмӯъ, Дастурамали мазкур барои мукаммал ва тақвият бахшидани механизми соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунадагони хизматрасониҳо молиявӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати баратаф намудани мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ дар самти мазкур, мусоидат менамояд. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми муроҷиат ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва бастани шартномаҳо бо онҳо, аз тамоми маълумотҳои зарурӣ вобаста ба хизматрасонии пешниҳодшаванда, шартҳои муҳими шартномаҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ алоқаманд мебошанд, ба таври дахлдор ва ба пуррагӣ воқиф мегарданд. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 29.11.2019 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00008-MMK-ogohinoma_8.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj |
Санаи нашр | 07.11.2019 |