Рақам | 84 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 28.04.2024 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 31.05.2024 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қарор |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва Тавсифи ҳисобҳои тавозунии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Постановления Правления Национального банка Таджикистана «О Плане балансовых счетов для страховых (перестраховочных) организаций и Описание балансовых счетов для страховых (перестраховочных) организаций” |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 20.04.2024 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки феҳристи ҳисобҳои тавозунӣ ва тавсири ҳисобҳои тавозуниро ба ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муқаррар ва танзим менамояд. Ҷиҳати риояи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ тасмим гирифтааст, ки Феҳрист ва Тавсифи ҳисобҳои тавозуниро таҳия намояд. Дар ҳолати мавҷуд набудани Феҳрист ва Тавсифи ҳисобҳои тавозунӣ, раванди дурусти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ дар фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ ба таври дуруст риоя карда намешавад, ки он боиси нодуруст ҷамъбаст гардидани ҳисоботҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мегардад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Бонки миллии Тоҷикистон Феҳрист ва Тавсифи ҳисобҳои тавозуниро бо мақсади ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), рушди босамари бозори суғурта ва ташаккули низоми суғуртавии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин афзун намудани саҳми соҳаи суғурта дар иқтисодиёти миллӣ таҳия ва қабул менамояд. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар лоиҳаи Феҳрист ва Тавсифи ҳисобҳои тавозунӣ чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд: - асосҳо барои дуруст инъикос намудани дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, даромад ва хароҷотҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ); - муайян гардидани нақшаи ҳисобҳо ва тавсифи он; - ба таври дуруст ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани амалиётҳои муҳосибӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ). |
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ танзими фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро тибқи талаботи қонунгузории соҳа ба роҳ монда истодааст. Таҷриба нишон дод, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор вобаста ба Феҳрист ва Тавсифи ҳисобҳои тавозунӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба роҳ монда намешавад, ки ин омил боиси носаҳеҳ пешниҳод гардидани ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва рушд накардани соҳа гардидааст. Инчунин, набудани санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Феҳрист ва Тавсифи ҳисобҳои тавозунӣ ба таъмин гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон ҳангоми нодуруст ба ҳисоб гирифтани амалиётҳои муҳосибӣ, таъсири манфӣ мерасонад. Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” пешбинӣ намудааст, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани бозори суғурта ғайриимкон мебошад. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Тартиб аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.
Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 20.04.2024 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Дар барраси |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00084-MMK-Untitled.FR13.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj |
Санаи нашр | 15.03.2024 |