Рақам | 9 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Ташкилотҳои қарзӣ |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 01.12.2019 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 31.12.2019 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Дастурамал |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Дастурамал “Оид ба иҷозатномадиҳии ташкилотҳои қарзӣ” |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Инструкция №_ «О лицензировании кредитных организаций» |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 19.12.2019 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Қайд карда мешавад, ки масъалаи додани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” пешбинӣ менамояд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҷиҳати гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ, аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар қонунҳои зикршуда талабот ва ҳуҷҷатҳо бо таври умумӣ нишон дода шудаанд. Бинобар ин, ҷиҳати содда ва осон намудани ҷараёни иҷозатномадиҳӣ ва аз нав ба расмият даровардани он зарурияти таҳия ва қабули Дастурамали мазкур ба миён омадааст. Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур ҷараёни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба додани иҷозатнома ва аз нав ба расмият даровардани он мушкил, номуайян ва номушаххас мегардад, ки чунин ҳолат барои ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар монеъа эҷод карда метавонад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсад аз дахолати давлат, яъне қабули Дастурамали мазкур - мушаххас намудани мукаррароти умумии конунгузори дар самти иҷозатномадиҳӣ, содда ва осон намудани ҷараёни иҷозатномадиҳӣ ва аз нав ба расмият даровардани он, инчунин ичрои мукаррароти моддаи 10 Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” мебошад. Хамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон санади мазкурро ҳамчун мақоми танзим ва назорати ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ ва рушди он, ҷиҳати кам намудани муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ, азнавбарасмиятдарории он ва содда намудани ҷараёни иҷозатномадиҳӣ, пешгирӣ кардани воридшавии субъектони беэътимод ба бозори хизматрасониҳои бонкӣ таҳия менамояд. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Қабул гардидани Дастурамал “Оид ба иҷозатномадиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ҷараёни иҷозатномадиҳӣ ва аз нав ба расмият даровардани онро осон мегардад. Аз ҷумла:
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Дастурамали мазкур бо назардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва таҷрибаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти иҷозатномадиҳӣ таҳия гардида, дар маҷмӯъ, он барои содда, мукаммал ва кам намудани муҳлати ҷараёни иҷозатномадиҳӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар самти мазкур, мусоидат менамояд. Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон корҳои зерин анҷом дода шуданд:
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур ҳангоми пешниҳод намудани дархост ҷиҳати гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ ва аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ муҳлати баррасӣ ва додани иҷозатномаро кам намуда, ба ин васила барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рушди низоми бонкӣ ва дар навбати худ ба иқтисодиёт таъсири мусбӣ мерасонад. Дастурамали мазкур имкон медиҳад, ки аз тарафи довталабони иҷозатнома маълумоти саҳеҳ пешниҳод карда шуда, танҳо довталабони ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ ва боэътимод соҳиби иҷозатномаи фаъолияти бонкӣ гарданд ва воридшавии шахсони бемасъулият ва беэътимод ба бозори хизматрасониҳои бонкӣ пешгирӣ карда шавад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур ва пешгирӣ намудани воридшавии шахсони бемасъулият ва беэътимод ба бозори хизматрасониҳои бонкӣ, вазъи пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ дар кишвар беҳтар гардида, ҳолатҳои вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорону амонатгузорони ташкилотҳои қарзӣ аз байн мераванд. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 28.11.2019 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00009-MMK-dasturamal.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj |
Санаи нашр | 18.11.2019 |