Рақам | 96 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 05.07.2024 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 01.09.2024 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қонун |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Закон Республики Таджикистан О внесении изменений и дополнений в Законе Республики Таджикистан «Об аудиторской деятельности» |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 03.07.2024 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии аудит, алалхусус Стандарти байналмилалии назорати сифат - 1 гузаронидани назорати тафсирии аудит барои таъмини принсипҳои асосӣ, яъне мувофиқатӣ ба стандартҳои соҳа, объективӣ, канорагирӣ аз ҳолатҳои бархӯрди манфиат яке аз талаботи заминавӣ буда, ин раванд барои субъектҳои тибқи рӯйхат муайяншуда (ё худ субъектҳои дорои манфиати умум) талаботи ҳатмӣ мебошад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсади асосии аудити ҳатмии субъектҳои дорои манфиати умум пеш аз ҳама, ин аз ҷониби аудити беруна тасдиқ гардидани ҳисоботи молиявӣ ва бо ин тариқ баланд бардоштани эътимоднокии истифодабарандагон нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳисоботи молиявӣ ва маълумоти интишоршуда, ки дар заминаи он қарорҳои идоракунӣ қабул карда мешаванд, равона гардидааст. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур бо он оварда меравонад, ки ҳар як субъект ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ бевосита масъулият ҳис мекунанд ва баҳсобгирии дурсти маюлаҳои буҷети ва ғайрибуҷетиро амалӣ намуда, пас аз бевосита ба Буҷети давлатӣ пардохт намудани маблағҳои дахлдори андозӣ ва ғайриандозиро анҷом диҳанд. |
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори пешбарандаи самти сиёсати молияӣ дар соҳаи фаъолияти аудиториро бо ба ино,ат гирифтани стандартҳои байналмилалӣ ба зимма дорад. Бо назардошти вусъат бахшидан ба раванди гузариш ба стандартҳои байналмилалии соҳаи аудит тағйиру иловаҳо бо мақсади мутобиқагардонӣ меъёрҳои байналмилалӣ, таъмини сифатнокии хулосаи аудиторӣ ва ба ин васила баланд бардоштани эътимоднокӣ нисбат ба хулосаи аудиторӣ равона гардида, муқаррароти пешбинишуда асосан хусусияти аудити субъектҳои дорои манфиати умумро зимни гузаронидани аудити ҳатмӣ дар бар мегиранд. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ: Дар сурати қабул гардидани Қонуни мазкур тавре зикр намудем, фаъолияти субъектони дорои манфиати умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ гардида, таъминоти равандаи низоми фаъолияти аудиторӣ дар давлат тибқи стандартҳои байналмилалии муҳосибӣ ба роҳ монда мешавад. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 03.07.2024 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Дар барраси |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00096-MMK-Untitled.FR11.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 900784444, Karimzoda87@mail.ru |
Санаи нашр | 03.06.2024 |