Рақам 10
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 25.11.2019
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 25.12.2019
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби гузаронидани санҷиш ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановления Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в Порядок проведения проверки финансовых кредитных организаций, обобщения и предоставления их результатов»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 20.12.2019
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Бо мақсади рушди низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеа бахшидани хизматрасониҳои бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ тасмим гирифт ва дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ хусусияти ба худ хос дорад ва танзиму назорати он бояд ҳатман тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ амали гардад.

Бо сабаби мавҷуд набудани санади санҷишӣ барои ташкилотҳои қарзии исломӣ зарурат пеш омадааст, ки дар санадҳои мавҷуда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шавад, то ин ки барои санҷиши ташкилотҳои қарзии исломӣ мутобиқ гарданд.

Бинобар қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” барои дар амал татбиқ намудани фаъолияти бонкии исломӣ, зарурияти таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати пеш бурдани назорат ва танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ба миён омадааст.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба “Тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои қарзӣ, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он” бо мақсади татбиқ намудани муқаррароти он нисбати ташкилотҳои қарзии исломӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳолати қабул нагардидани қарори мазкур ва андешида нашудани ягон амал, гузаронидани санҷиши ташкилотҳои  қарзии исломӣ, баҳогузории вазъи умумии ҳолати молиявӣ ё самтҳои алоҳидаи фаъолияти онҳо, аз ҷумла баҳогузории риояи қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқукии Бонки миллии Тоҷикистон, баҳисобгирӣ ва ҳисобдории дуруст, муайян кардани андозаи хавфҳо, дороиву уҳдадориҳо, баҳогузорӣ ба сифати дороиҳо, бузургӣ ва кифоятии сармоя, низоми идоракунии хавфҳо ва ташкили назорати дохилӣ, вазъи молиявӣ ва дурнамои фаъолият, ҳамчунин  ошкор  намудани  амалу кӯшишҳое,  ки  ба  манфиатҳои  пасандоздорон ва қарздеҳон ва санҷиш оид ба мутобиқат бо принсипҳои маблағгузории исломӣ таҳдид мекунанд, номумкин мегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2019 ба аввалин бонки исломӣ ҶСК “Тавҳидбонк” иҷозатнома дод, инчунин дар назар аст, ки дар давоми соли ҷорӣ равзанаҳои бонкии исломӣ низ дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон гарданд. Бинобар ин зарурати таҳия ва қабул намудани Тартиби мазкур ба миён омадааст.

 Дахолати давлат дар робита ба тағйиру иловаҳои  пешниҳодшуда барои он зарур аст, ки дар ин самт то ҳол санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд нестанд, барои санҷишӣ фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ин санад муҳим ба ҳисоб рафта, мушикилоти санҷиши ташкилотҳои қарзии исломиро бартараф менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар заминаи таҳия ва қабул намудани Тартиби мазкур, тарзи ба роҳ мондани санҷиши ташкилотҳои қарзии исломӣ, аз ҷумла филиалҳо ва воҳидҳои сохтории онҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани вазифаҳои танзим ва назорати бонкӣ пешбинӣ карда мешаванд.  

Тартиби мазкур чораҳои зеринро доир ба санҷиши ташкилотҳои қарзӣ фаро мегирад, ки дар сурати қабул гардидани тағйиру иловаҳо, онҳо нисбати ташкилотҳои қарзии исломӣ низ паҳн мегарданд:

  • чорахои омодагӣ барои гузаронидани санҷиши ташкилоти қарзӣ;
  • гузаронидани санҷиши ташкилоти қарзӣ;
  • ба расмият даровардани санад дар хусуси мамониат ба гузаронидани санҷиш дар ташкилоти қарзӣ;
  • талабот барои ба расмият даровардани натиҷаҳои санҷиши ташкилоти қарзӣ;
  • хусусиятҳои ба расмият даровардани санади санҷиш то ба анҷом расонидани санҷиши ташкилоти қарзӣ;
  • шинос намудани ташкилоти қарзӣ бо санади санҷиш;
  • хусусиятҳои гузаронидани санҷиши ташкили кор, анҷом додан ва баҳисобгирии навъҳои алоҳидаи амалиёт бо асъори нақди хориҷӣ дар воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ;
  • хусусиятҳои санҷиши бонкҳои фаръии (филиалҳои) хориҷии ташкилотҳои қарзӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Қабули  Тартиби мазкур барои мукаммал намудан ва тақвият бахшидани механизми соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати баратаф намудани мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ дар самти мазкур, мусоидат менамояд.

Қабули тағйиру иловаҳо ба санади мазкур муҳим мебошад, чунки дар самти санҷиши ташкилотҳои қарзии исломӣ санади ҳаммонанд мавҷуд намебошад ва бидуни қабули санади мазкур барои санҷишгарони ташкилотҳои қарзии исломӣ санҷиши ташкилотҳои қарзии исломӣ ғайриимкон мегардад.

Дар ҳолати қабул нагардидани қарори мазкур, санҷиш ташкилотҳои қарзии исломӣ ғайриимкон мегардад, ки ин ба мушкилиҳои ҷиддии ҳуқуқӣ оварда мерасонад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани қарори мазкур баҳогузории риояи қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқукии Бонки миллии Тоҷикистон, баҳисобгирӣ ва ҳисобдории дуруст, муайян кардани андозаи хавфҳо, дороиву уҳдадориҳо, баҳогузорӣ ба сифати дороиҳо, бузургӣ ва кифоятии сармоя, низоми идоракунии хавфҳо ва ташкили назорати дохилӣ, вазъи молиявӣ ва дурнамои фаъолият, ҳамчунин  ошкор  намудани  амалу кӯшишҳое,  ки  ба  манфиатҳои  пасандоздорон ва қарздеҳон ва санҷиш оид ба мутобиқат бо принсипҳои маблағгузории исломӣ таҳдид мекунанд, амалӣ гардида, хавфҳои ба муфлисшавӣ дучор шудани ташкилотҳои қарзии исломӣ коҳиш меёбанд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 05.12.2019
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00010-MMK-raёsati_Bonki_milli.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 20.11.2019
Сабтҳо ёфт нашуд