Рақам 44
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.08.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.09.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок подготовки и представления финансовых отчётов кредитных организаций
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 19.08.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ  пешниҳоди иттилооти заруриро аз ташкилотҳои мазкур, аз ҷумла маълумот оид ба риояи меъёрҳои мақбул ва дигар талаботҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқукӣ талаб менамояд.

Бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои асосии танзиму назорати фаъолияти иқтисодии ташкилотҳои қарзӣ, барои таъмини сиёсати ягонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ,  қиёспазирии иттилоот вобаста ба амалиётҳои молиявӣ ва таъмини дурустӣ ва саривақтии он шакли махсуси ҳисоботи молиявӣ таҳия шудааст. Шакли ҳисоботи мазкур, тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди он дар Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ (минбад – “Тартиб”) оварда шуда, санади мазкур бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №220, аз 22 октябри соли 2015 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 маи с.2016, №615 “а” ба қайд гирифта шуд.

Айни ҳол барои мутобиқ кардани Тартиб ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии бонкие, ки аз моҳи майи соли 2016 то ҳол қабул шудаанд ё дар ҷараёни қабулкунӣ қарор доранд, инчунин ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба равандҳо ва афзалиятҳои нави назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ такмил додани ҳуҷҷати мазкур, яъне дар таҳрири нав қабул кардани он зарур мебошад.

Дар баробари ин, дар баъзе қисмҳои шакли ҳисоботи молявӣ ва тартиби пуркунии он такроршавии маълумот, номуайянӣ ва гуногунфаҳмиҳо вуҷуд доранд, ки бояд онҳо аз байн бурда шаванд.

Дар ҳолати такмил надодани Тартиб, маълумоте, ки тариқи ҳисоботи молиявӣ аз ташкилотҳои қарзӣ ҷалб мешавад, ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии бонкӣ пурра мутобиқ нашуда, талаботи Бонки миллии Тоҷикистон оиди маълумоти кофӣ дар бораи ҳолати молиявии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ намешавад. Ҳамзамон қабул накардани Тартиб дар таҳрири нав боиси халадор шудани иҷрои босамари вазифаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ гардида, имконияти дар асоси ҳисоботи молиявӣ дуруст ҳисоб кардан ва ё тафтиш кардани иҷроиши меъёрҳои мақбул аз даст дода мешавад.

Дар навбати худ, номуккамал будани Тартиб ва шакли ҳисоботи молиявӣ аз ташкилотҳои қарзӣ қувваи кории иловагӣ барои коркарди ғайриавтоматии маълумот талаб намуда, дар умум барои таъмини сиёсати ягонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ монеъа эҷод менамояд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсад аз дахолати давлат – такмил додани Тартиб барои мутобиқ кардани он ба заминаи меъёрӣ-хуқуқии бонкӣ, равандҳо ва афзалиятҳои нави назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва аз байн бурдани номуайянӣ ва гуногунфаҳмиҳои ҷойдошта дар баъзе қисмҳои он мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Санади мазкур шакл ва тартиби пуркунии ҳисоботи молявиро шарҳ дода, ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ вобаста ба саривақтӣ, дурустӣ ва риояи тартиби пешниҳоди ҳисоботи молиявиро муқаррар менамояд. Дар лоиҳаи Тартиб дар таҳрири нав дар умум се намуди тағйиротҳо ворид карда шудаанд, аз ҷумла:

  • Тағйиру иловаҳое, ки бо мақсади мутобиқ намудани шакли ҳисобот, мафҳумҳо, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва дигар категорияҳои Тартиб ба заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии бонкӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, Дастурамали №176 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ” ва Дастурамали №215 “Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи дороиҳо” равона карда шудаанд.
  • Тағйиру иловаҳо барои мутобиқ кардани муқаррароти Тартиб ба равандҳо ва талаботҳои муосир вобаста ба назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ки ворид кардани ҷадвалҳои иловагӣ барои ҷамъоварӣ ва мониторинги маълумот вобаста ба хавфи қарзӣ, иваз кардан ё аз байн бурдани ҷадвалҳои нолозим ва такмили талаботҳо вобаста ба муҳлатҳои пешниҳоди ҳисобот равона карда шудаанд.
  • Тағйиру иловаҳо ба матни Тартиб ва ҷадвалҳои замимашуда, ки барои аз байн бурдани номуайянӣ, гуногунфаҳмӣ, норасоиҳои имлоӣ ва дар умум бештар гардонидани сохтори санад равона карда шудаанд.

Қобили қайд аст, ки баъзе маълумотномаҳое (справочники), ки дар матни Тартиби амалкунанда ҳамчун иттилоот барои истифодабарӣ дар ҳисоботи молиявӣ оварда мешаванд, дар дигар санадҳои Бонки миллии Тоҷикистон аллакай дарҷ шудаанд ё аз рӯи ҳусусияти худ тағйирёбанда мебошанд. Барои аз байн бурдани вобастагии Тартиб аз дигар санадҳо ва пешгирии тағйиротҳои мунтазам, маълумотномаҳои мазкур аз матни Тартиб хориҷ шуда, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар алоҳидагӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва ба такшилотҳои қарзи тавассути низомҳои ҳисоботӣ дастрас карда мешаванд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Ҳисоботи молиявие, ки дар асоси талаботи Тартиб пешниҳод карда мешавад, манбаи асосии маълумот барои мақсадҳои таҳлили фаъолият ва назорати фосилавии ҳавфҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, ҳисоботи мазкур манбаи ягонае мебошад, ки маълумотро оид ба риояи меъёрҳои мақбул аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар бар мегирад.

 Барои ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда бидуни таҳияи тартиб дар таҳрири нав корҳои зерин анҷом дода шуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон тавассути мактуби худ шакли нави ҳисоботи молиявиро ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол намуда талаб намуд, ки онро дар давраи муайян ҳамчун озмоишӣ пешниҳод намоянд.  

Дар баробари ин, дар доираи ташаббусҳои гуногун вобаста ба пурзур кардани назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои гузаронидани таҳлил ва мониторинг аз рӯи хавфҳои қарзӣ, гаравҳои ба тавозун гирифташуда, ташкилкунии фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи дороиҳо ва дигар самтҳои афзалиятноки назорати фаъолияти ташилотҳои қарзи за ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон воситаҳои назоратии нав, аз ҷумла шаклҳои нави ҳисоботӣ таҳия ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Шақлҳои нави ҳисоботӣ, баъд аз санҷидан ва омӯзиш ба лоиҳаи Тартиб дар таҳрири нав ворид карда шуданд.

Баъд аз давраҳои озмоишӣ, таклифу пешниҳодҳои дахлдори ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба ҳисоботи молиявӣ ҷамъоварӣ шуда, дар вақти таҳияи лоиҳаи Тартиб ба инобат гирифта шудаанд.

Бидуни таҳияи Тартиби мазкур дар таҳрири нав дигар роҳи ҳалли мушкилотро намебинем.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Тартиб аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоӣ аз қабули Тартиб дида намешаванд.

Таъсири иқтисодӣ:

Дар сурати қабул гардидани Тартиб ба ташкилотҳои қарзӣ шароитҳо мувафақ барои таъмини сиёсати ягонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, автоматикунонии равандҳои таҳияи ҳисоботҳо ва сарфанамудани ҳаҷми корӣ барои коркарди маълумотҳо эъҷод карда мешавад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 19.08.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00044-MMK-#44.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 19.07.2021
Сабтҳо ёфт нашуд