Рақам 51
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.11.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.03.2022
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамал “Оид ба идоракунӣ ва таҷдиди қарзҳои ғайрифаъол”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция «Об управлении и реструктуризации необслуживаемых кредитов»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 01.12.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

  Ҷиҳати беҳтар намудани сифати дороиҳо дар ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, қисмҳои 2 ва 5 моддаи 42 ва қисми 1 моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи Дастурамал “Оид ба идоракунӣ ва таҷдиди қарзҳои ғайрифаъол”-ро (минбаъд – Дастурамал) таҳия карда, дар он  воситаҳои махсусро барои идора ва таҷдиди қарзҳои ғайрифаъол  пешниҳод менамояд.

    Бояд қайд кард, ки сатҳи баланди қарзҳои ғайрифаъол ба даромаднокии ташкилоти қарзӣ таъсири манфӣ расонида, боиси зиёд шудани хароҷотҳо барои ташкили захираҳо ва идоракуниву баргардонидани қарзҳо, ба вуҷуд омадани мушкилоти пардохтпазирӣ, аз байн рафтани имконияти пешниҳоди қарзҳои нав, коста шудани обрӯю эътибор ва садди роҳи гирифтан ва ё ҷалби маблағгузориҳои сармоявӣ ва ё қарзӣ мегардад.

      Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти идоракунии қарзҳои ғайрифаъол, кам намудани талафотҳое, ки дар натиҷаи ғайриқобилипардохт гаштани қарзгир ба миён меоянд, қабули дастурамали мазкур зарур буда, бидуни қабули ҳамин Дастурамал бартараф гардидани мушкилоти ҷойдошта ғайриимкон мебошад.

    Қобили зикр аст, ки дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур, ҷой доштани сатҳи баланди қарзҳои ғайрифаъоли ташкилотҳои қарзӣ метавонад ба фаъолияти иқтисодии кишвар таъсири манфии назаррас дошта бошад,зеро ташкилотҳои қарзӣ имконияти қарздиҳии иловагӣ ва ё қарздиҳии навро ба андозаи назаррас аз даст медиҳанд.Ҳангоми муддати зиёд идома ёфтани суръати пасти қарздиҳӣ,  онметавонад ба рушди иқтисодиёт таъсири манфӣ расонида, ба як марҳилаи дигари бадшавии қобилияти пардохтпазирии қарзгиранда оварда расонадва ин омил дар навбати худ сатҳи қарзҳои ғайрифаъоли иловагиро афзун гардонида, дар натиҷа ҳалқаи алоқаи манфиро ташкил намояд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Дар натиҷаи пурзӯр намудани назорат ва аз рӯи воқеият таъмин намудани шаффофияти ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, дар соли 2016 қарзҳои ғайрифаъоли (зиёда аз 30 рӯз батаъхирафтода) низоми бонкӣ ба 46,8 фоиз баробар шуд.

   Дар натиҷаи татбиқи чораҳои солимгардонӣ дар намуди таҳияи санадҳои меъёрии нав оид ба баҳогузории сандуқи қарзӣ, таҳия ва талаб намудани нақшаи чорабиниҳои баргардонидани қарзҳои ғайрифаъол ва ташкили Гурӯҳои корӣ бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз соли 2016 то нуҳмоҳаи соли 2021 ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол тамоюли коҳишёбӣ дошта, ба маблағи 2,1 млрд. сомонӣ кам шудаанд.

     Новобаста аз чораҳои андешидашуда хавфи қарзӣ яке аз хавфҳои асосӣ дар низоми бонкӣ боқӣ монда, маблағи қарзҳои ғайрифаъол ба ҳолати 30.09.с.2021 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, киҳиссаи ин гуна қарзҳо дар сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 14,7 фоиз баробар мебошад.

     Бо мақсади идома додани чораҳои солимгардонӣ ва паст кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол дар низоми бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ Дастурамали мазкурро омода намудааст. Дар назар аст, ки ҳуҷҷати қайдгардида барои ташкил ва таъмини фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар самти идоракунии хавфи қарзӣ бо роҳи идоракунӣ ва таҷдиди қарзҳои ғайрифаъол кумак расонад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

     Дастурамали мазкур тавсифи якчанд имконотҳои иловагиро дар таҷдид ва идоракунии қарзҳои ғайрифаъол дар бар мегирад. Инчунин, меъёрҳои мақбули татбиқшавандаро пешбинӣ мекунад, ки ҳангоми истифодабарии воситаҳо пешбинишудаи Дастурамал, меъёрҳо бояд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ риоя карда шаванд.

     Дар Дастурамали мазкур се воситаи таҷдид ва идоракунии қарзҳои ғайрифаъол, ки метавонанд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ истифода бурда шаванд, дарҷ гардидаанд, аз ҷумла:

  • Хариду фурӯши қарзҳои ғайрифаъол;
  • Хариду фурӯши дороиҳои мушкилотдор бо нархҳои бозорӣ тавассути интиқоли дороиҳои мушкилотдор ба агентҳое, ки барои идора ва таҷдиди онҳо беҳтар омода (дорои таҷрибаи мувофиқ) мебошанд.Таҷдиди якдафъаина ва аз нав дида баромадани ҷадвали пардохти қарзи ғайрифаъол бо асъори хориҷӣ нисбати қарзгироне, ки дар вақти қарзгирӣ хеҷ карда нашуда буданд. Бинобар бо хавфҳои баланд алоқаманд будани қарзҳои ғайрифаъолибо асъори хориҷӣ додашудаи ташкилотҳои қарзӣтаҷдиди онҳо нақши муҳимро мебозад.Дар баробари ин, таҷдиди чунин қарзҳо бо усули табдилдиҳии онҳо ба қарзҳо бо пули миллӣ метавонад бо хатарҳои маънавӣ алоқамандӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, ба ташкилотҳои қарзӣ имконият дода мешавад, ки чунин таҷдидро танҳо ҳамчун чораи истисноии якмаротибагӣ барои қарзгирони мувофиқ истифода баранд;
  • Имтиёзҳои якдафъаина ва танзими қарзҳои ғайрифаъоли беэътимод.

     Пас аз баррасии тарафҳои манфию мусбӣ ба ташкилотҳои қарзӣ бахшидани як қисми қарзи беэътимод ҳамчун чораи якмаротибагӣ нисбати қарзгирони мувофиқ имконият дода мешавад.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар ташкилотҳои қарзӣ як қатор чораҳо андешида шуда, дар ин радиф соли 2016 Дастурамали №215 “Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшониданиталафоти имконпазир аз рӯи дороиҳо”, ки мақсади асосии он идора ва назорати сифати дороиҳо мебошад,  қабул гардидааст. Инчунин, лоиҳаи Роҳнамо “Дар бораи восита ва усулҳои идоракунии хавфи қарзӣ дар ташкилотҳои қарзӣ” таҳия карда шуда, дар раванди баррасӣ ва тасдиқ қарор дорад. Ҳамзамон, нисбати 5 бонк “Нақшаҳои чорабиниҳои солона оид ба баргардонидани қарзҳои ғайрифаъол ва фурӯши молу мулки барои бозфурӯш дар тавозуни бонк мавҷудбуда” дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои нозирони бонкҳо тасдиқ карда шуда, аз рӯи иҷрои он бонкҳо ҳар семоҳа ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.

     Аз натиҷаи ин талошҳо метавон дид, ки дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (зиёда аз 30 рӯз ба-таъхирафтода) дар панҷ соли охир тамоюли камшавиро пайдо намудааст. Аммо, то ҳол ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи бонкҳои ҷаҳон баланд ба шумор рафта, аз рӯи ташкилотҳои қарзии алоҳидаи кишвар он то ба 94%-и сандуқи қарзӣ мерасад.   

     Бинобар ин, бо Дастурамали мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ имконият дода мешавад, ки ҷиҳати андешидани чораҳои саривақтӣ, намудҳои дигари таҷдид ва идоракунии қарзҳои ғайрифаъолро, ки самаранокии худро дар дигар кишварҳо аллакай исбот кардаанд, истифода намоянд.       Бидуни таҳия ва қабули Дастурамали мазкур дигар роҳи ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта вуҷуд надорад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

     Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

     Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • Бо қабул гардидани Дастурамали мазкур идоракунии хавфи қарзӣ дар ташкилотҳои қарзӣ пурзӯр мегардад;,
  • заминаи қарздиҳии ташкилотҳои қарзӣ афзун мешавад ва қарздиҳии иловагӣ боиси баландшавии сатҳи некуаҳолии мардум мегардад.

     Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • дар ташкилотҳои қарзӣ идоракунӣ ва таҷдиди саривақтӣ ва самараноки қарзҳои ғайрифаъол ҷорӣ гашта, қобилияти онҳоро дар нигоҳ доштани устувории молиявӣ, зиёд намудани даромаднокии хеш ва идома додани қарздиҳӣ баланд менамояд, ки нақши нисбатан муҳимро дар барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёт мебозад.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 01.12.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00051-MMK-#51.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 18.10.2021
Сабтҳо ёфт нашуд