Рақам 101
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Агентии Стандартизасия Метрология сертификасия
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 13.09.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.11.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2012, №310»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Проект постановления Правительства Республики Таджикистан «О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 18 июня 2012 г., №310»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 12.09.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2012, №310» тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» дар асоси супориши протоколии ҷаласаи 15-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдои назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022 (супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 20.12.2022, №46503 (22.6)) таҳия карда шудааст.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳаи қарори мазкур тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Точикистон Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» таҳия гардида, Номгӯи молҳо (кор, хизматрасонӣ)-ро, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, ба танзим медарорад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Лоиҳа бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва таҷрибаи ҷумҳурӣ доир Номгӯи молҳо (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, инчунин бо дарназардошти таҳия ва қабули регламентҳои техникӣ, инчунин принсиҳои муқаррарнамудаи савдои байналмилалӣ аз он ҷумла Созишномаи монеаҳои техникӣ дар савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия гардида, барои рушди соҳибкорӣ ва фазои озоди сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- муайян намудани ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба тасдиқи мутобиқати ҳатмии мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар лоиҳа Номгӯи молҳо (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, муайян гардидааст.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳа дар маҷмӯъ барои  ба танзим даровардан ва мукаммал намудани муносибатҳои соҳаи мазкур равона гардидааст.

Аз ҷониби таҳиякунанда чунин чораҳо (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) андешида шудаанд:

фаҳмондадиҳӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳои зикргардида иштирок менамоянд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи қарори мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

-     сатҳи хизматрасониҳо дар самти мазкур беҳтар мегардад;

-     барои рушди соҳибкорӣ ва фазои озоди сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

-         ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таъмин гардида, сифати хизматрасонӣ дар ин самт беҳтар мегардад;

-         монеаҳои техникӣ дар савдо кам мегардад;

-         Номгӯи молҳо (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, кам мегардад;

-         расонидани зарар ба молу мулки истеъмолкунандагон пешгирӣ карда мешавад;

-         баҳодиҳии (сертификата) мутобиқати хизматрасонӣ ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ рохандозӣ мегардад.

Бо қабул гардидани лоиҳаи пешниҳодшуда Номгӯи молҳо (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд дақиқ муайян гардида, он ба татбиқи дуруст ва яксони муқаррароти қонунгузории амалкунанда мусоидат хоҳад намуд. Бидуни ворид намудани тағйироти пешбинигардида ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин танзими масъалаи мазкур ғайриимкон мебошад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 12.09.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00101-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе к. Карабоев 42/2, 936016111, dilafruz.standart@mail.ru
Санаи нашр 12.08.2024
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
101 Ҳа   13.09.2024 Агентии Стандартизасия Метрология сертификасия