Рақам 103
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Субъектҳои ҳисоботдиҳанда (рӯйхати субъектҳои ҳисоботдиҳанда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” муайян шудааст)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.10.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 25.12.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском, а также принимаемые к ним меры
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 30.09.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 15 марти соли 2023, №1950 дар таҳрири нав қабул гардидааст. Қонуни мазкур чораҳои мушаххаси пешгирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро муқаррар намудааст, ки яке аз чунин чораҳо ин андешидани чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ ва чораҳои дигари ба хавф мувофиқ нисбат ба қишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд мебошад. Мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Қонуни зикргардида тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшавандаро мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян менамояд (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2024, №846 мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом Бонки миллии Тоҷикистон муайян шудааст).

     Қобили қайд аст, ки тибқи банди 10) моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ин давлатҳо ва ҳудудҳое, ки стандартҳои байналмилалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ намекунанд ё онҳоро ба таври нокифоя татбиқ мекунанд, инчунин минтақаҳои оффшорӣ мебошанд. Чунин кишварҳо ва ҳудудҳо бинобар доштани камбудӣ дар низоми худ, вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва мавқеи ҷойгиршавӣ, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ҷой доштани низоъҳои мусаллаҳона имкони андешидани чораҳои самараноки қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро надоранд ва ё намеандешанд. Аз ин рӯ, андешидани чораҳои ба хавф мутобиқ нисбат ба чунин давлату ҳудудҳо яке аз талаботи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) мебошад.

     Айни замон анҷомдиҳии аҳду амалиёт бо субъектҳои минтақаҳои оффшорӣ бо Қоидаҳои анҷом додани аҳду амалиёт бо субъектҳои минтақаҳои оффшорӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2011, №93 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2011, №624 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, танзим карда шудааст.

    Бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” дар таҳрири нав зарурати дар таҳрири нав низ таҳия ва қабул намудани санади зикргардида низ дида мешавад.

     Дар ҳолати қабул нагардидани лоиҳаи тартиби мазкур субъектҳои ҳисоботдиҳанда наметавонанд, ки кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баландро муайян ва чораҳои пешгирикунандаро нисбат ба онҳо татбиқ намоянд, ки он метавонад боиси баланд гардидани хавфҳои  қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишвар гардад.

     Илова бар ин, муайян нагардидани механизми ташаккул ва интишори кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ва чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда метавонад ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ, рейтинги кишвар аз рӯи иҷрои тавсияҳои ФАТФ, мувофиқан ба вазъи иқтисодӣ ва фазои сармоягузории кишвар низ таъсири манфӣ расонад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Мақсади таҳия намудани лоиҳаи Тартиби мазкур ин муайян кардани тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

     Лоиҳаи Тартиби мазкур бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияҳои ФАТФ таҳия карда шуда, дар он чораҳои зерин мушаххасан муайян карда мешавад:

  • тартиби ташаккули феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ва интишори он дар сомонаи мақоми ваколатдор;
  • чораҳое, ки аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда нисбат ба кишвар ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд андешида мешаванд.  
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Бо қабул гардидани лоиҳаи тартиби пешниҳодшуда механизми ташаккули кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд мушаххасан танзим карда мешавад. Дар лоиҳа чораҳои ба хавф мувофиқе, ки нисбат ба ин гуна кишвару ҳудудҳо татбиқ карда мешаванд, низ муайян мегардад.

    Бидуни қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта ва танзими масъалаи мазкур, инчунин иҷрои тавсияҳои ФАТФ дар ин самт ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

   Қабули Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

   Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки бо ташаккули феҳристи кишвар ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ва андешидани чораҳои ба хавфҳои ҷойдошта мувофиқ ҳолатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом самаранок пешгирӣ карда мешаванд. Дар натиҷа, низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз гардида, барои паст кардани сатҳи иқтисодиёти ниҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

   Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • андешидани чораҳои муассири пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
  • иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • баланд бардоштани рейтинги кишвар вобаста ба амалӣ намудани талаботи тавсияҳои ФАТФ.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 27.09.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00103-MMK-Untitled.FR2.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 22.08.2024
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
103 Дар барраси