Рақам | 110 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикимтон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 20.12.2024 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 20.01.2025 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қарор |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳуҷҷатҳои стандартии озмунӣ оид ба хариди кор" |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Решение Правительства Республики Таджикистан "О Стандартной конкурсной документации по закупке работ" |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 20.12.2024 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Ташкилотҳои харидор бояд ҳуҷҷатҳои стандартии озмуниро барои муқаррар кардани шартҳои хариди дорои хусусияти мухталиф (техникӣ, меъёрӣ ва арзишӣ), тартиби баргузории озмун ва расонидани он ба паймонкорони эҳтимолӣ истифода намоянд. Ҳуҷҷатҳои стандартии озмунӣ бояд тавре таҳия ва пешниҳод карда шаванд, то шарту талаботи он ба паймонкорони эҳтимолӣ ба таври возеҳ фаҳмо бошад. Дар ин маврид, озмунҳо дар муҳити шаффоф, таъмини рақобат, муносибати беғаразона ва пешгирии ҳолатҳои табъйизӣ баргузор гардида, эҳтимолияти пешниҳоди шикоятҳо ба натиҷаҳои озмун коҳиш ёфта, ҳар ду тараф зимни озмун ва иҷрои шартнома ба ҳуҷҷати мазкур такя мекунанд. Барои иштироки паймонкорон дар озмунҳои хариди давлатӣ пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ки онҳоро ҷиҳати ба инобат гирифтани тамоми талаботи ташкилоти харидор роҳнамоӣ менамояд, зарур мебошад. Бидуни ҳуҷҷатҳои озмунӣ, баргузор намудани озмунҳои хариди давлатӣ ғайриимкон мегардад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатӣ” ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донистани ҳуқуқи тасдиқи ҳуҷҷатҳои стандартии озмунӣ боиси он мегардад, ки зимни озмунҳои хариди давлатӣ ва иҷрои шартномаҳо тартиби мушаххас ва фарогир ҷиҳати интихоби ғолиб дар асоси меърёҳо ва методологияи қаблан муқарраршуда ва бо такя ба принсипи муносибати одилона ва беғаразона ҷорӣ мегардад. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Роҳандозии ҳуҷҷати ягона (стандартӣ) барои ҳамаи ташкилотҳои харидор ҷиҳати баргузор намудани озмун бидуни маҳдудиятҳои беасос, тавсифи дақиқи талаботи ташкилоти харидор нисбат ба хусусиятҳои кор, иштирокдорони эҳтимолии озмун, тартиби иҷрои шартнома. Муқаррар намудани ҳуқуқи уҳдадориҳои паймонкорон зимни иштирок дар озмунҳои хариди давлатӣ ва иҷрои шартнома дар асоси меъёру талаботи мушаххас ва фарогири ҳамаи ҷанбаҳои харид. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои таҳвилгарон зимни баргузории озмун (иштироки бемамоният, дархости тавзеҳот оид ба ҳуҷҷатҳои озмунӣ, дархости тавзеҳот оид ба натиҷаҳои озмун, ҳуқуқ ба шикоят) ва иҷрои шартнома (ҳуқуқ ба тамдиди муҳлати иҷрои шартнома, ҳуқуқи бекор кардани шартнома, ҳуқуқ ба татбиқи ноустуворона). |
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ҷиҳати ба инобат гирифтани талаботи ташкилоти харидор, инчунин муқаррар намудани ҳуқуқи уҳдадориҳои паймонкорон зимни иштирок дар озмунҳои хариди давлатӣ дар асоси меъёру талаботи мушаххас ва фарогири ҳамаи ҷанбаҳои харид. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Хароҷоти буҷети давлатиро талаб наменамояд. Давлат бо тасдиқи ҳуҷҷати ягона ва фарогири ҳамаи масъалаҳои марбут ба харид механизми пешгирии содир кардани кирдорҳои номатлубро роҳандозӣ намуда, ҳамзамон манфиатҳои ташкилотҳои харидорро бо роҳҳои гуногун (пешкаш намудани пешниҳоди озмунӣ мутобиқ ба талабот ва меъёр, ҳуқуқи санҷиш ва озмоиши мол ва хизматрасониҳо, бекор кардани шартнома, ситонидани ноустуворона) ба назар мегирад. Паймонкорон бошад аз лиҳози ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон ҳимоя карда шуда, фаъолияти иқтисодиашонро дар муҳити пурра ва дақиқ танзимшаванда амалӣ менамоянд. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 20.12.2024 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Дар барраси |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | |
Тамоси таҳиякунанда | к.Шота Руставели 22, 2231180, info@zakupki.gov.tj |
Санаи нашр | 18.11.2024 |