Рақам 113
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Субъектҳои ҳисоботдиҳанда, ки дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” пешбинӣ шудаанд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 08.01.2025
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 28.03.2025
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Талаботи умумӣ нисбат ба барномаҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Общие требования, предъявляемые к программам по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 06.01.2025
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 15 марти соли 2023, №1950 дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадориҳоро муқаррар намудааст. Яке аз ин уҳададориҳо ин аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда таҳия ва амалӣ намудани барномаҳо бо дар назар доштани хавфҳо ва хусусияти фаъолияти ташкилот, ки барои иҷрои самараноки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом имкон медиҳанд.

   Тибқи қисми 1 моддаи 23 қонуни зикргардида барномаҳои мазкур бояд инҳоро дар бар гиранд:

1) расмиёт ва қоидаҳои дохилӣ оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ ва нигоҳдории маълумоте, ки дар натиҷаи чунин санҷиш ба даст омадаанд;

2) тартиб ва дастур оид ба назорати амалиёту аҳд ва ошкор кардани амалиёту аҳди шубҳанок, инчунин амалиёту аҳди ҳатман назоратшаванда;

3) расмиёти интихоб ва санҷиш ҳангоми киро кардани кормандон;

4) талабот барои омодасозӣ ва таълими кормандон, барномаи таълимии кормандон;

5) на камтар аз як маротиба дар ду сол омодасозӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом; 

6) тартиби аудити дохилӣ ё берунаи мустақил барои санҷиши низоми чораҳои назорати дохилӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар субъекти ҳисоботдиҳанда;

7) талабот нисбат ба шахси масъул (мутахассиси комплаенс (мувофиқа) ва шахсони ӯро ивазкунанда, ки барои риояи барномаву қоидаҳои назорати дохилӣ дар самти қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом масъул мебошанд;

8) амалӣ намудани чораҳо доир ба таъмини иҷрои дахлдори уҳдадориҳо оид ба ғайрифаъолгардонии молу мулк (воситаҳо)-и шахсоне, ки ба рӯйхати таҳримҳо дохил карда шудаанд.

   Қобили қайд аст, ки субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд барномаҳои зикргардидаро дар сатҳи филиалу намояндагиҳо ва ҷамъиятҳои фаръии худ низ татбиқ намоянд.

   Амалӣ намудани барномаҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом талаботи тавсияи 18 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) мебошад ва дар ин раванд мутобиқи қатъномаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид №1617 (2005) ва 2462 (2019) давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид уҳдадор мебошанд, ки низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли оми худро ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ намоянд.  

   Мутобиқи қисми 6 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” талаботи умумӣ нисбат ба барномаҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян менамояд (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2024, №846 мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом Бонки миллии Тоҷикистон муайян шудааст).

   Дар ҳолати қабул нагардидани лоиҳаи Талаботи мазкур, субъектҳои ҳисоботдиҳанда наметавонанд, ки қоидаҳо, расмиёт, тартиб, ҳуҷҷатҳо, маълумот ё иттилооти дигари заруриро дар самти  муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар барномаҳои худ дуруст дарҷ ва татбиқ намоянд. Ин ҳолат боиси вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишвар мегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

   Мақсади таҳия намудани лоиҳаи мазкур ин муайян кардани талаботи умумӣ нисбат ба барномаҳое, ки субъектҳои ҳисоботдиҳанда барои иҷрои самараноки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия ва татбиқ менамоянд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

   Лоиҳаи мазкур бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияҳои ФАТФ таҳия карда шуда, дар он талаботи умумӣ нисбат ба барномаҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом пешбинӣ мешаванд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

   Бо қабул гардидани лоиҳаи мазкур талаботи умумӣ нисбат ба барномаҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мушаххасан пешбинӣ карда мешаванд.

   Бидуни қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта ва танзими масъалаи мазкур, инчунин иҷрои талаботи тавсияҳои ФАТФ дар ин самт ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

   Қабули Талаботи мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

  Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи Талаботи мазкур дар он аст, ки субъектҳои ҳисоботдиҳанда дар барномаҳои дохилии худ қоидаҳо, расмиёт, тартиб, ҳуҷҷатҳо, маълумот ё иттилооти дигари заруриро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дуруст пешбинӣ намуда, ба ин васила ҳолатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ пешгирӣ намуда,  манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз менамоянд.

   Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • андешидани чораҳои муассири пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
  • иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • баланд бардоштани радабандии кишвар вобаста ба татбиқ намудани талаботи тавсияҳои ФАТФ.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 07.01.2025
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 06.12.2024
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
113 Дар барраси