Рақам 28
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 16.07.2020
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 21.09.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №178 «Дар бораи ташкили ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в Инструкции №178 «Об организации расчетов между кредитными организациями на территории Республики Таджикистан»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 15.08.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Қайд карда мешавад, ки Дастурамали №178 «Дар бораи ташкили ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибату талаботи умумиро ба ташкили низоми ҳисоббаробаркуниҳои байни ташкилотҳои қарзие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, танзим ва муайян менамояд. Санаи 19 июли соли 2019 ба ивази низоми пардохтҳои электронӣ – “Палатаи ҳисоббаробаркунӣ” Низоми  автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Низоми мазкур дар асоси стандартҳои маъмули ҷаҳонӣ таҳия гардида, ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Баъзе аз бандҳои Дастурамали мазкур ва замимаҳои он ба фаъолияти Низоми муосир ҷавобгӯ нестанд.

     Бинобар ин, ҷиҳати ба талаботи фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо ҷавобгӯ намудан, зарурият пеш омад, ки ба Дастурамали №178 «Дар бораи ташкили ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда карда шаванд.

     Дар ҳолати қабул нагардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур ташкил ва таъмини фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркунӣ, танзиму назорати фаъолияти Низоми мазкур ва хизматрасониҳои пардохтӣ коста мегарданд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Бинобар сабаби ҷорӣ гардидани Низоми  нави автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими масъалаҳои нави дар доираи Низоми мазкур бавуҷудоянда ва мутобиқ намудани муқаррароти Дастурамали Дастурамали №178 «Дар бораи ташкили ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба он тасмим гирифт, ки ба Дастурамали мазкур тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Дар доираи Дастурамали мазкур масъалаҳои зерин мавриди танзим қарор мегиранд:

  1. Истилоҳот ва мафҳумҳои дар Дастурамали мазкур истифода шаванда;
  2. Аз байн бурдани ҳисоббаробаркуниҳо байни бонкҳо тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ;
  3. Ба танзим даровардани ҳисоббаробаркуниҳо байни бонкҳо тавассути суратҳисобҳои муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда;
  4. Тағйиротҳо ба мушаххасоти беруннависи суратҳисобҳои муросилотӣ санҷиши гардишҳои дебетӣ, кредитӣ ва бақия дар онҳо, инчунин тарзи нигоҳдории беруннавис;
  5. Тағйиротҳо ба мушаххасоти ҳуҷҷати пардохти электронӣ;
  6. Хориҷ намудани боб ва замимаҳои нолозим;
  7. Тағйиру иловаҳо ба намунаи Шартнома дар бораи хизматрасонӣ оид ба ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ;

     Иваз намудани шакли беруннависи суратҳисоби муросилотӣ.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

       Ба ҷуз қабул кардани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур дигар роҳи ҳал кардани мушкилиҳо вуҷуд надоранд, чун ки Дастурамали амалкунанда ба талаботи фаъолияти Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ нест.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

     Қабули тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур тартиби ҳисоббаробаркунҳои байнибонкӣ дар кишвар ба танзим дароварда мешаванд. Ҳисоббаробаркуниҳо байни бонкҳо тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ аз байн рафта, ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ тавассути Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегиранд, ки аз болои ҳамаи маблағҳои интиқолшаванда назорат бурдан осон мегардад. Инчунин шакли ҳуҷҷати пардохти электронӣ ва беруннависи суратҳисоби муросилотӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 16.08.2020
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00028-MMK-178.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 23.06.2020
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
28 Дар барраси