Рақам 37
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.05.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.06.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамал "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция "О порядке предоставления кредита и начисления процента в кредитных организациях"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 17.04.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

       Қайд кардан зарур аст, додани қарз ин яке аз амалиёти асосии ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб меравад ва раванди додани қарз ва ҳисоб кардани фоизи он бояд чунон ба роҳ монда шавад, ки манфиатҳои тарафайнро ҳимоя ва ҳифз намояд.

       Мақсади асосии Дастурамали мазкур ин муқаррар намудани ҳадди ақали талаботҳо оид пешниҳоди қарз, ҳуҷҷатҳои қарзӣ, низоми идоракунии хавфи қарзӣ ва тартиби ҳисоб намудани фоизи қарз дар ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Инчунин Дастурамали мазкур ду дастурамали бо ҳам монандро, ки қаблан дар алоҳидагӣ барои бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд амал мекарданд якҷоя менамояд.

        Тибқи муқаррароти Дастурамали №186 “Дар барои тартиби додани қарз ва ҳисоб намудани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ” пешниҳодшуда, хавфҳое, ки то ин дам ҳангоми додани қарз ҷой доштанд ва дар раванди пешбурди назорати бонкӣ дида мешуданд, то андозае кам карда мешаванд.

       Дар баробари ин, Дастурамали мазкур бо назардошти пешниҳодҳои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ низ такмил ва таҳия карда шудааст.

       Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур раванди додани қарз ва ҳисоб кардани фоизи он дар ташкилотҳои қарзӣ, ки бо мақсади дастрасии аҳоли ба қарзҳои хурду калон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар заминаи сиёсати қарзии онҳо пешниҳод мегарданд, монеа эҷод карда метавонад.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

       Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд.

       Дастурамали мазкур бо мақсади содда ва бартараф намудани монеъаҳои иловагӣ дар раванди тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоизи он дар ташкилотҳои қарзӣ ва принсипҳои қарздиҳии ананавӣ таҳия карда мешавад.

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

       Дар Дастурамали мазкур талабот вобаста ба пешниҳоди қарз ва ҳисоб кардани фоизи он аз рӯи масъалаҳои зерин муқаррар гардидааст:

- шаҳр додани мафҳумои асосӣ дар самти қарздиҳӣ;

- сиёсати қарзӣ ва Кумитаи қарзӣ ташкилотҳои қарзӣ;

- тартиби баррасии дархост барои гирифтани қарз;

- муайян намудани муносибатҳои ташкилоти қарзӣ бо муштарӣ оид ба додани қарз ва баргардонидани он;

- ба расмият даровардани таъминоти қарз;

- кор бо қарзҳои ҷорӣ;

- мониторинги қарзҳои мушкилситон;

- тартиби хориҷ кардани қарзҳои беэътимод;

- кори минбаъда бо қарзҳои аз тавозун хориҷшуда;

- тартиби ҳисоб кардан ва ситонидани фоизи қарз.

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

      Дастурамали мазкур бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва таклифу пешниҳодҳои коршиносони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, асосҳо ва қоидаҳои пешниҳоди қарз ва ҳисоб кардани фоизи он, кам кардани хавфи қарзӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории қарзӣ, пурзур намудани назорат аз болои қарзҳои пешниҳодгардида ва дигар масъалаҳои марбутаро  пешбинӣ менамояд.

     Қабули Дастурамали мазкур барои бартараф намудани мушкилотҳо дар раванди додани қарз, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ мусоидат хоҳад кард ва бидуни қабули Дастурамали мазкур ҳал намудани масъалаҳои бамиёномада бо роҳҳои дигар ғайриимкон мебошад.

 

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

       Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур ташкилотҳои қарзие, ки дар низоми бонкии кишвар фаъолият мекунанд, сиёсати қарзии худро таҳия намуда, ба аҳолии кишвар хизмартасонии қарзиро пешниҳод менамоянд. Инчунин, ба ин васила барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рушди низоми бонкӣ ва дар навбати худ ба иқтисодиёт таъсири мусбӣ мерасонад. Ин дар навбати худ боиси тақвият бахшидани низоми бонкии кишвар, беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, осон гардидани тартиби қарздиҳӣ, беҳтар шудани мониторинги сандуқи қарзӣ, коҳиш додани хавфи қарзӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, такмил ёфтани қарздиҳии онҳо ва рушди соҳибкории хурду миёна, ба зиёд гардидани шумораи штатҳои корӣ ва ҷойҳои холии корӣ, баланд гардидани маоши кормандони онҳо, сари вақт қонеъ гаштани талаботи муштариёни ташкилоти қарзӣ ва дар маҷмуъ беҳтар гардидани фазои қарздиҳӣ ва хизматрасонии бонкӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 17.04.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00037-MMK-Hul-naksh-#-37.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 17.03.2021
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
37 Ҳа   17.06.2022 Бонки миллии Точикистон