Рақам 4
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.09.2019
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.11.2019
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №200 “Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар”"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановления Правления Национального банка Таджикистана "О внесении изменений и дополнений в Инструкции №200 "Об идентификации и проверки личности клиента и бенефициарного собственника"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 22.08.2019
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №200 “Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик – бенефитсиар”, ин пеш аз ҳама мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ва иҷрои Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, мебошад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо бартараф намудани камбудиҳои дар Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби коршиносон – баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО)  ошкор шудааст, мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Қабули ин лоиҳа қабл аз ҳама барои тақвият бахшидани низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои байналмилалӣ нигаронида шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти хуби баланд бардоштани низоми мазкурро муҳайё хоҳад намуд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Тағйиру иловаҳои воридшаванда  танҳо дар қисмати ҷорӣ намудани низоми ягонаи мушаххаскунии шахсияти муштарӣ ва молик – бенефитсиари он аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, дар назар дошта, дар маҷмӯъ барои пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом равона гардидааст.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули лоиҳаи мазкур маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 01.08.2019
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00004-MMK-Bonki-milli-1,2,3.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 18.06.2019
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
4 Дар барраси