Рақам | 41 | |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон | |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ | |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 30.05.2021 | |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 30.06.2021 | |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Дастурамал | |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ» | |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Инструкция «О порядке регулирования деятельности исламских микрокредитных организаций» | |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 20.05.2021 | |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ» мутобиқи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” таҳия шуда, тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломиро (ба истиснои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ) муқаррар менамояд. Бо мақсади бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар самти маблағгузориҳои хурд ва ҷалби амонату пасандозҳо аз ҷониби ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки принсипҳои маблағгузории исломиро дар фаъолияти худ истифода мебаранд, қабули дастурамали мазкурро зарур шуморида, бидуни қабули ҳамин Дастурамал бартараф гардидани мушкилиҳои ҷойдоштаро ғайриимкон меҳисобем. Мушкилотҳои ҷойдошта дар самти фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ инҳо мебошанд: - мавҷуд набудани тартиби танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ; - мавҷуд набудани тартиби бозхонд ва бекор кардани иҷозатнома ба ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ; -мавҷуд набудани тартиби пешниҳоди маблағгузории хурди исломӣ; - мавҷуд набудани қоидаҳои ҳисобдорӣ, санҷиш ва аудит; - мавҷуд набудани мақомоти идоракунии ташкилотҳои қарзии хурди исломӣ. Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур, танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ ғайриимкон мегардад, ки ин боиси халалдор гардидани низоми фаъолияти бонкдории исломӣ мегардад. |
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
|
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Қабул гардидани Дастурамал “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ” масъалаҳои хусусияти фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти онҳо, пешниҳоди маблағгузории хурди исломӣ (қарзи хурди исломӣ) аз ҷониби онҳо, қоидаҳои ҳисобдорӣ, санҷиш ва аудит, мақомоти идоракунӣ ва инчунин азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии онҳоро дар бар мегирад. |
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Таҳия гардидани Дастурамал “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ” бо назардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” пешбинӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар самти маблағгузориҳои хурд ва ҷалби амонату пасандозҳо аз ҷониби ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки принсипҳои маблағгузории исломиро дар фаъолияти худ истифода мебаранд, мусоидат менамояд. Бидуни таҳияи Дастурамали мазкур дигар роҳҳои ҳалли мушкилоти дар самт ҷойдошта вуҷуд надорад. |
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Бояд тазаккур дод, ки Дастурамали мазкур барои таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, санади калидӣ ба ҳисоб меравад. Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:
Айни замон ҷиҳати танзим намудани фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ (ба истиснои санадҳои меъёрии марбут ба амалиётҳои муайян) ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия нагардидааст. Бинобар ин, дар ҳолати таҳия ва татбиқ гардидани чунин санад, ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ метавонанд фаъолияти худро якхела ба роҳ монанд. |
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 20.05.2021 | |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа | |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00041-MMK-Hulosa-TTT.-#41.pdf | |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj | |
Санаи нашр | 20.04.2021 |