Рақам 46
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Маркази миллии қонунгузорӣ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳои экологӣ иштирок менамоянд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.11.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 15.12.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Кодекс
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Экологический кодекс Республики Таджикистан
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 18.09.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Дар амалӣ намудани муносибатҳои ҳифзи муҳити зист мушкилотҳои зерин ҷойд дорад:

  1. Номувофиқати дар амалӣ намудани ваколатҳо

Имрӯз дар самти ҳифзи муҳити зист зиёда аз 15 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки дар амалӣ намудани он мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ба мушкилиҳо дучор мегардад. Дар баробари ин иҷрои босамар ва пурраи он аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба як қатор мушкилиҳо оварда расонидааст.

  1. Бартараф намудани номутобиқатӣ

Бо мақсади дар як санади ягон ва ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи муҳити зист амалкунанда, зарурати дар шакли кодификатсия таҳия намудани санади мазкур гардидааст.

Дар сурати наандешидани ягон амал иҷрои вазифаҳо ва ҳадафҳое, ки аз Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №392 тасдиқ шудааст, бе натиҷа мемонад. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати омода намудани лоиҳа вазифадор мебошад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсад аз дахолати давлат ин беҳдошти вазъи санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ, муайян ва татбиқи чораҳои ҳатмӣ экологӣ, ҷорӣ намудани стандартҳо ва мутобиқати техникӣ объектҳои экологӣ, танзими муносибатҳо бо партовҳо ва таъмини амнияти экологӣ, ҷорӣ намудани низоми ҳатмӣ аз арзёбии таъсир ба муҳити зист, рушди фарҳанги экологӣ, баҳодиҳии ҳаҷм ва хатари партовҳо ва дастрасӣ ба иттилооти экологӣ иборат мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ чораҳои зерин андешида мешавад:

  1. Танзими ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муносибатҳои экологӣ;
  2. Танзими арзёбии экологӣ;
  3. Гузаронидан аз экспертизаи экологӣ;
  4. Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дастрасӣ ба иттилоотӣ экологӣ;
  5. Танзим ва муқаррар намудани талаботҳои алоҳида ба объектҳои муайяни экологӣ.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бояд қайд намуд, ки лоиҳа дар маҷмӯъ баҳри танзим намудани соҳа, мукаммал ва бо низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ соҳаи мазкур равона гардида, бидуни таҳияи лоиҳаи мазкур имконнопазир мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Омода намудани лоиҳаи мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Пас аз қабули лоиҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ намудани меъёрҳои Кодекси мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.

Оқибатҳои иҷтимоӣ дар сурати қабули лоиҳаи мазкур:

- баланд бардоштани маърифати экологӣ аҳолӣ;

- иштироки бевоситаи ҷамъият дар экспертизаи экологӣ;

- кафолати таъмини иштирок дар мониторинги экологӣ;

- таъмини дастрасии бевосита ба иттилоотӣ экологӣ.

Оқибатҳои иқтисодӣ лоиҳаи мазкур:

- таҳия ва татбиқи механизмҳои нави иқтисодии ҳифзи муҳити зист;

- ҷорӣ намудани ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои истифодаи пурраи партовҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- арзёбии иқтисодӣ объектҳои ҳифзи муҳити зист;

- маблағгузории объектҳои экологӣ;

- ташкили экспертизаҳои давлатии экологӣ;

- ҷорӣ намудани бамеъёрдарории экологӣ;

- танзими сертификатсияи экологӣ;

- додани иҷозатномаҳо дар соҳаи экологӣ;

- ташкили гузаронидани аудити экологӣ.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 15.09.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00046-MMK--#46.pdf
Тамоси таҳиякунанда  
Санаи нашр 17.08.2021
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
46 Дар барраси