Рақам 55
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.12.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.06.2022
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Дар бораи Талабот нисбат ба услуби баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана "О Требования к методике расчета страховых тарифов"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 02.01.2022
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Аз сабаби мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тарифҳои суғуртавиро бе истифодаи услуби муайяни баҳисобгирӣ ба роҳ монда истодаанд, ки раванди мазкур дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ таъсири манфии худро ба вазъи молиявии ташкилот мерасонад. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ, аз ҷумла ба таркиб, мазмун, тарз ва принсипҳои ҳисобкунии онҳо Талаботи мазкурро таҳия намудааст. Дар ҳолати муайянкунии андозаи нодурусти  тарифҳо аз лиҳози актуарӣ, эҳтимолияти иҷро нашудани уҳдадориҳо дар назди суғурташавандагон ва коҳиш наёфтани сатҳи хавфҳо ба вуҷуд меояд.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бонки миллии Тоҷикистон Талаботи мазкурро дар асоси қисми 3 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” таҳия намудааст. Мақсадҳои асосии он чунин мебошанд:  

- таъмини устувории молиявӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар Тартиби мазкур чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- услуби баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ;

- талабот нисбат ба таркиб, мазмун, тарз ва принсипҳои баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ;

- муайян намудани андозаи тарифҳои асосӣ ва коэффитсиенти онҳо ё ифодаи ниҳоии коэффитсиентҳои нишондодашуда.

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ бо мақсади таъсис ва нигоҳдории низоми суғуртавии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули инфрасохтори бозори суғурта, қоидаҳои суғуртаи ташкилотҳоро мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро мувофиқа менамояд.

Қайд намудан зарур аст, ки бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим даровардани бозори суғурта, ба роҳ мондани рақобати озод, инчунин ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ғайриимкон мебошад.

 

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Талаботи мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

-    сатҳи хизматрасониҳои суғуртавӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад;

-    барои самаранок гузаронидани амалиётҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) такони ҷиддӣ мебахшад.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

-     ба ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) имкониятҳои васеъро барои мустаҳкам намудани вазъи молиявӣ фароҳам меорад;

-  сармоягузории ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба соҳаҳои гуногуни иқсисодиёти кишвар зиёд мегардад.

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 02.01.2022
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00055-MMK-Untitled.FR12.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 02.12.2021
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
55 Ҳа   22.02.2022 Бонки миллии Точикистон