Рақам | 56 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Ташкилотҳои қарзии молиявӣ |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 15.01.2022 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 17.03.2022 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Дастурамал |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Дастурамал “Дар бораи талаботи ҳадди ақал барои омодасозии нақшаи барқарорсозии ташкилотҳои қарзии молиявӣ” |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Инструкция «О минимальных требованиях к подготовке плана восстановления деятельности кредитных финансовых организаций» |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 28.01.2022 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ мебошад. Яке аз роҳҳои нигоҳдории суботи низоми бонкии кишвар ин мунтазам талаб намудани нақшаҳои барқарорсозии фаъолият аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 48.2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" Бонки миллии Тоҷикистон талаботро оид ба таҳияи нақшаи барқарорсозии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ муқаррар менамояд. Боиси қайд аст, ки дар моддаи зикргардидаи қонун танҳо муқаррароти умумӣ пешбинӣ шуда, механизми таҳия ва истифоданамоии нақшаи барқарорсозӣ муайян нашудааст. Бинобар ин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи Дастурамал “Дар бораи талаботи ҳадди ақал барои омодасозии нақшаи барқарорсозии ташкилотҳои қарзии молиявӣ”(минбаъд– Дастурамал) тибқи моддаи 48.2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" таҳия шуда, он талаботи ҳадди ақалро ҳангоми омодасозӣ ва амалисозии нақшаи барқарорсозӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ муайян менамояд. Лоиҳаи дастурамал барқарор кардани сатҳи муносиби сармоя, пардохтпазирӣ, амалиёт ва инчунин ҳифзи қобилияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳолатҳои фишор (стресс), барои мусоидат ба нигоҳ доштани эътимоднокӣ, субот ва фаъолияти мӯътадили низоми молиявии миллиро пешбинӣ менамояд. Тибқи лоиҳаи дастурамал нақшаи барқарорсозӣ чораҳои дахлдор, тарзи барқарорсозии фаъолияти устувор ва муътадили ташкилотҳои қарзии молиявиро пешбинӣ менамояд. Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур механизми пешниҳод ва иҷроиши нақша номаълум боқӣ монда, эҳтимол аст, ки ҳангоми аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ таҳия намудани нақшаи барқарорсозӣ на ҳамаи самтҳои муҳим, ки барои барқарорсозӣ зарур мебошад, ворид карда шаванд, ки ин ба омодагии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ таъсири манфӣ мерасонад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсади таҳия намудани лоиҳаи Дастурамали мазкур ин муайян кардани талаботи ҳадди аққал барои омода намудани нақшаи барқарорсозии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Лоиҳаи Дастурамали мазкур бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва таклифу пешниҳодҳои коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ таҳия гардида, ҳадди ақал талаботҳоро барои омодасозии нақшаи барқарорсозӣ муайян менамояд, ки минбаъд мутобиқи ин нақша ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд саривақт захираҳоро барои нигоҳ доштани фаъолияти устувор ва муътадили худ истифода баранд. Нақшаи барқарорсозӣ бояд ҳадди ақал тавсифи зеринро дорро бошад, аммо бо ин маҳдуд нашавад: 1) вазифаҳои ниҳоят муҳим ва хизматрасониҳои асосие, ки аз ҷониби худи ташкилоти қарзии молиявӣ ва аз ҷониби ҳамаи шахсони ҳуқуқии таҳти назорати мустақим ё ғайримустақими ташкилоти қарзии молиявӣ иҷро карда мешаванд; 2) барномаҳои мониторинг; 3) сенарияҳои ҳолатҳои стрессӣ; 4) стратегияҳои барқарорсозӣ; 5) нақшаи коммуникатсия; 6) монеаҳо ва хавфҳо; 7) масъулияти Роҳбарият/Идоракунӣ. Дастурамали мазкур вазифаҳои ниҳоят муҳим ва хизматрасониҳои асосиро ҳамчун фаъолиятҳо, амалиётҳо ё хизматрасониҳое муқаррар мекунанд, ки ҳангоми шикаст ё қатъ шудани онҳо метавонанд ба суботи молиявӣ ё фаъолияти бахши воқеии иқтисод, ба устувории ташкилоти қарзии молиявӣ ва ҳамаи шахсони ҳуқуқие, ки таҳти назорати мустақим ё ғайримустақими онқарор доранд, таҳдид кунад. Агар Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки номгӯи хизматрасониҳои ниҳоят муҳим ва ҳатмӣ, ки ба нақшаи барқарорсозӣ дохил карда шудаанд, нопурра ҳастанд, метавонад аз ташкилоти қарзии молиявӣ талаб кунад, ки ба чунин рӯйхат тағйиру иловаҳоро оид бафаъолият, амалиётҳо ё хидматҳое, ки аз ҷониби онҳо ё ҳама гуна шахси ҳуқуқии таҳти назорати мустақим ё ғайримустақими қарор доштаи онҳо амалӣ карда мешавад ва ба ақидаи Бонки миллии Тоҷикистон муҳим ё ҳатмӣ мебошанд, ворид намояд. |
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бояд қайд кард, ки то ин ҷониб ташкилотҳои қарзии молиявӣ нақшаи чорабиниҳо барои барқарорсозии сармоя, баргардонидани қарзҳои ғайрифаъол, фурӯши гаравҳои барои бозфурӯш гирифташуда дар алоҳидагӣ таҳия қарда, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.Чунин нақшаҳо самтҳои алоҳидаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро ба танзим дароварда, барқарорсозии фаъолияти онҳоро дар умум инъикос наменамоянд, ки ин метавонад хавфи номутобиқатии ин нақшаҳоро байни ҳамдигар ба вуҷуд орад. Вобаста ба ин ва бо назардошти сабабҳои дар қисмҳои дигари огоҳинома овардашуда, таҳия ва қабули Дастурамал “Дар бораи талаботи ҳадди ақал барои омодасозии нақшаи барқарорсозии ташкилотҳои қарзии молиявӣ” зарур мебошад. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки дар ҳолати таҳия ва татбиқ намудани санади мазкур новобаста аз ҷой доштани пайомадҳои номуносиб дар иқтисодиёт ташкилотҳои қарзӣ омода мешаванд, ки фаъолияти устувории худро саривақт барқарор намуда, барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд. Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки омодагии ташкилотҳои қарзии молиявиро ба ҳолатҳои буҳронӣ таъмин намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки саривақт уҳдадориҳояшонро дар назди пасандоздорон иҷро намоянд ва бо ин роҳ боварии аҳолиро ба низоми бонкӣ дар сатҳи лозимӣ нигоҳ доранд. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 28.01.2022 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00056-MMK-#56.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj |
Санаи нашр | 21.12.2021 |