Рақам 57
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Маркази миллии қонунгузорӣ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳои шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ иштирок менамоянд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.03.2022
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.07.2022
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан “О долевом участии в жилищном строительстве”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 28.02.2022
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

   Мушкилоти зерин дар самти мазкур ҷой дорад:

 1. Бинобар дар амалияи фаъолияти сохтмонӣ ва дастраси ба манзилҳо барои шаҳрвандон зарурат пеш омадааст, ки ба тариқи мушаххас вобаста ба шарикии ҳиссагӣ дар манзили истиқотмаи дар доираи санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал мавриди танзим қарор дода шавад.

 2. Яке аз ҳолатҳои  дигари мавҷудбуда дар он аст, ки дар амалияи бадастовардани манзил бо воситаи саҳмгузорӣ ба он яъне шарикии ҳиссагӣ ба таври расмӣ то ба анҷом амалӣ карда намешаванд, ҳолати мазкур ба он оварда мерасонад, ки шахси ҳиссагузор наметавонад ба мақсади худ бирасад.

Имрӯз чунин шакли ба даст овардани молу мулки ғайриманкул, яъне шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ барои тамоми аҳолии мамлакат нақши муҳим дорад. Маҳз бо бастани шартномаи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ шаҳрвандон имконияти ба даст овардани манзили дилхоҳ, ки комилан нав, бо ҳароҷоти камтарин пайдо менамоянд.

Дар Тоҷикистон, иштироки шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ роҳи маъмултарини таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба манзил мебошад, ки ҷалби маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро дар бар мегирад. Тақозои зиёд ба он асос аст, ки ширкатҳои сохтмонӣ метавонанд сармоягузорони хурд-саҳмдоронро ҷалб намоянд  ва  инчунин харидорони эҳтимолӣ имконияти масрафи камтар намудан барои ба даст овардани амволро пайдо мекунанд.

Аммо, сарфи назар аз диққатҷалбкунанда будани ба даст овардани амволи ғайриманқул бо ин роҳ, ҳангоми бастани шартномаи ҳиссагӣ дар сохтмон, шаҳрвандон таваккалҳои муайянро ба дӯш мегиранд. Шумораи зиёди саҳмдорон, ки софдилона маблағи худро ба сохтмони манзили ояндаи худ сарф мекунанд, бе пул ва бе манзил мемонанд.

Дар сурати наандешидани ягон амал иҷрои вазифаҳо ва ҳадафҳое, ки аз Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст, бе натиҷа мемонад. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати омода намудани лоиҳа вазифадор мебошад.

    Ҳамзамон мушкилоти ҷойдошта дар самти мазкур зиёд гардида, баҳсҳои зиёдеро байни шарикон ва ҳисагузорон ба миён меорад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҳиссагузорон ва ширкатҳои сохтмонӣ равона шуда, ба дастгирии давлатии фаъолияти онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Лоиҳаи мазкур чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

  • ташкили шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ;
  • ташкили баённомаи лоиҳа, иттилоот оид ба ширкати сохтмонӣ, оид ба лоиҳаи сохтмон;
  • танзими муҳлати пешниҳоди объекти сохтмони ҳиссагӣ аз ҷониби ширкати сохтмонӣ ба ҳиссагузор;
  • таъмини кафолати сифат дар шартномаи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ;
  • таъмини бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликияти ҳиссагузор ба объекти сохтмон;
  • танзими шартномаи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ;
  • тасдиқи нотариалӣ ва бақайдгирии шартнома.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳа дар маҷмӯъ барои  ба танзим даровардан ва мукаммал намудани муносибатҳои соҳаи мазкур равона гардидааст.

Аз ҷониби таҳиякунанда чунин чораҳо (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) андешида шудаанд:

  • фаҳмондадиҳӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ иштирок менамоянд;
  • ташкили мизи мудаввар ва семинарҳо бо иштироки ширкатҳои сохтмонӣ.

Вобаста ба масъалаи мазкур санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал қабул нашудааст, ки танзими муносибатҳои ҷамъиятиро бидуни таҳияи он имконнопазир месозад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети ҷумҳуриявӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд ва татбиқи он зарурати қабул намудани санадҳои зерқонунии дигарро низ ба миён намеорад.

Оқибатҳои иҷтимоии дар сурати қабули лоиҳаи мазкур:

  • ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҳиссагузорон;
  • ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ва ширкатҳои сохтмонӣ;
  • манзили нав бо имкони банақшагирии инфиродӣ;
  • сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ баланд мегардад;
  • ҳиссагузор - иштирокчии сохтмони хиссагӣ соҳиби манзили комилан нави тайёр мебошад;

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • ҷалби сармояҳо;
  • арзёбии иқтисодӣ объектҳои сохтмонӣ;
  • таъмини рақобати солим дар бозори сохтмони манзили истиқоматӣ;
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 28.01.2022
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00057-MMK-#57.pdf
Тамоси таҳиякунанда  
Санаи нашр 27.01.2022
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
57 Ҳа   19.04.2022 Маркази миллии қонунгузорӣ