Рақам 59
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.08.2022
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.10.2022
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Дар бораи Талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О Требования к содержанию договора и акта приема-передачи страхового портфеля”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 15.07.2022
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Бинобар сабаби мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки раванди қабулу интиқоли портфели суғуртавиро пурра ба танзим медарорад, ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки иҷозатномаашон бозхонд карда мешаванд портфели суғуртавиро бо тартиби муайян саривақт интиқол намедиҳанд.

Ҷиҳати саривақт ва дуруст ба роҳ мондани қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ, Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Талаботи мазкурро таҳия намояд.

Дар ҳолати мавҷуд набуда чунин талабот, интиқоли портфели суғуртавӣ саривақт ва дуруст ба ҷо оварда намешавад ва дар мавриди рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ эҳтимолияти иҷро нагардидани уҳдадориҳо дар назди суғурташавандагон ба вуҷуд меояд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бонки миллии Тоҷикистон Талаботро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон, рушди босамари бозори суғурта, инчунин барои таъсис ва нигоҳдории низоми суғуртавии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳаи Талабот чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- асосҳо барои интиқол намудани портфели суғуртавӣ;

- талабот вобаста ба огоҳ намудани суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон оиди интиқоли портфели суғуртавӣ;

- талабот ба ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки портфели суғуртавиро қабул менамоянд;

- талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ танзими фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро тибқи талаботи қонунгузории соҳа ба роҳ монда истодааст.

Таҷриба нишон дод, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи интиқоли порфели суғуртавӣ, ҳангоми бозхонди иҷозатномаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҷониби онҳо  порфели суғуртавӣ ба таври лозимӣ интиқол дода намешавад, ки ин омилҳо мақоми назорати суғуртавиро водор месозад барои ҳалӣ мушкилиҳои ҷойдошта то ба мақомотӣ суди муроҷиат намояд.

Инчунин, вобаста ба ташкилоти суғуртавии қабулкунандаи портфели суғуртавӣ низ талаботҳои мушаххас мавҷуд нестанд, ки боиси поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон мегардад.

Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” пешбинӣ намудааст, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани бозори суғурта ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Талабот аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

 

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • сатҳи хизматрасониҳои суғуртавӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад;
  • барои баланд бардоштани эътимоди суғурташавандагон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

 

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • интиқоли портфели суғуртавиро ба ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) аз лиҳози молиявӣ устувор таъмин менамояд;

дороиҳое, ки барои пӯшонидани захираҳои суғуртавӣ ташаккулёфтаанд, мақсаднок истифода гардида, хавфи масраф шудани онҳоро пешгирӣ менамояд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 15.07.2022
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00059-MMK-#59.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 15.06.2022
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
59 Ҳа   04.10.2022 Бонки миллии Точикистон