Рақам | 6 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, ки бо муоличаи нурии беморихои саратон машгул хастанд |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 21.11.2019 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 31.12.2019 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қоида |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | ТАЛАБОТ БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ ҲАНГОМИ МУОЛИҶАИ НУРӢ БО МАНБАЪҲОИ РАДИОНУКЛИДИИ ПӮШИДА |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | ТРЕБОВАНИЯ ПО ОБЕСПЕЧЕНИЮ РАДИАЦИОННОЙ БЕЗОПАСНОСТИ ПРИ ЛУЧЕВОЙ ТЕРАПИИ ЗАКРЫТЫМИ РАДИОНУКЛИДНЫМИ ИСТОЧНИКАМИ |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 21.10.2019 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Дар Чумхурии Точикистон марказхои саратоншиноси барои муоличаи беморон манбаъхои афканишоти ионофари дарачаи баланд истифода мешаванд, ки хангоми нодуруст истифода намудани онхо хам кормандон ва хам беморон метавонанд дозаи барзиёди радиатсиониро сохиб гарданд. Ин мутахассисони сохаи бехатарии радиатсиони ва табибони саратоншиносро нигарони мекунад. Кормандони саратоншинос намедоданд аз руи кадом талаботхо амал намоянд. Бинобар ин, зимни маслихати коршиносон карор кабул шуд, ки барои фаъолияти саратоншиносон як талабо оид ба бехатарии радиатсиони тахия ва тасдик карда шавад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Максади асосии дахолати давлат пешгири намудани шуоъхурии берзиёди беморон ва кормандон, инчунин пешгирии садамахои радиатсиони зимни муоличаи нури дар марказхои саратоншиноси. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар лоихаи мазкур талаботхои умуми оид ба бехатарии радиатсиони, талабот ба конструксияи бино ва мухофизати радиатсионии хураи муоличаи нури, талабот ба тачхизоти техники ва рафти корхои муоличави, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ, таъмини бехатарии беморон ва кормандон ва назорати он пешбини карда мешаванд. |
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Омузонидани кормандони марказхои саратоншиноси, харидори намудани тачхизоти замонави барои муоличаи нурии беморон. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Лоихаи санади мазкур аз чониби мутахассисони Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон тахия карда мешавад ва дар доира маблагхои бучетии барои фаъолияти Агенти пешбини шуда амали карда мешаванд. Айни хол аз сабаби баланд набудани сифати хизматрасонии муоличаи нури дар марказхои саратоншиносии чумхури микдори ками беморон ба ончо мурочиат мекунанд, ки сабаби он тачрибаи кам доштани мутахассисони соха ва набудани асосхои хукуки ва техникии таъмини бехатарии радиатсиони дар ин соха мебошад. Аз ин ру марказхои мазкур даромади кам ба даст оварда харочоти худро пурра пушонида наметавонанд. Кисми зиёди беморон барои муолича ба хорича рафта дар марказхои ончо ташхис ва муолича мегиранд, ки боиси харочоти зиёд ва аз мамлакат баромадани маблагхо мегардад. Хангоми дуруст ба рох мондани фаъолият аз руи коидаи мазкур марказхои саратоншиноси шароити бехатар ва мусоид барои беморон фарохам меоранд ва беморонро дигар зарурат намешавад, ки ба хорича барои муолича раванд. Марказхои саратоншиноси низ аз маблагхои аз муолича ба дастоварда боз сатху сифати хизматрасониро баланд мебардоранд. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 30.09.2019 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00006-MMK-yadroi_oidi_naksha_1.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе к. Х.Хакимзода 17а, 937766636, b.barotov@nrsa.tj |
Санаи нашр | 30.07.2019 |