Рақам 61
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Муаллифон, ихтироъкорон ва соҳибкороне, ки дар муносибатҳо вобаста ба гирифтани ҳуҷҷати муҳофизати, расмиёти бақайдгирии ихтироъ, намунаи саноатӣ ва тамғаи молӣ иштирок менамоянд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 05.08.2022
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 06.09.2022
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, №497"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 октября 2011 года, №497"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 04.08.2022
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Мушкилиҳо вобаста ба истифода бурдани истилоҳҳова нашр намудани маълумот дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда баъд аз ба қайд гирифтани намунаи саноати вуҷуд доштанд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қарори амалкунанда талаб мекунанд.

Ҳамзамон,  тибқи лоиҳаи мазкур дар маҷмӯъ андозаи пардохтҳои ҳатмӣ тақрибан 12 фоиз коҳиш дода шудаанд, ки ин барои ҳавасмандгардонию дастгирии муаллифон, ихтироъкорон ва дорандагони ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ мусоидат намуда, истилоҳоти қарори амалкунанда ба қонунҳои соҳавӣ мутобиқ шуд ва камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва ҳуқуқӣ бартараф шудаанд.

Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтироъ”, “Дар бораи намунаҳои саноатӣ”, “Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ” пешбинӣ намудааст, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани масъалаҳои содда ва ягонагардонии талаботҳо барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, расмиёти бақайдгирии ихтироъ, намунаи саноатӣ ва тамғаи молӣ ғайриимкон мебошад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи мазкур содда ва ягонагардонии талаботҳо барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, расмиёти бақайдгирии ихтироъ, намунаи саноатӣ ва тамғаи молӣ, инчунин, барои ҳавасмандгардонию дастгирии ихтироъкорон, соҳибкорон ва дорандагони ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳаи мазкур чораҳои зерин пешбинӣ карда шудааст:

  • баъд аз ба қайд гирифтани намунаи саноатӣ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда (номи муаллиф(он) (дар ҳолати розӣ буданашон) ва доранда(гон)-и патент, номи, санад,санаи пешниҳод, тасвири намунаи саноатӣ ва дигар маълумоти дахлдор), бетаъхир дар хабарномаи расмӣ нашр намудан;
  • нашр намудани маълумот вобаста ба аризаҳои пешниҳодшуда оид ба тамғаҳои молӣ аз экспертизаи расмӣ гузаштаанд, дар хабарномаи расмии «Навиди патентӣ»;
  • ҳуҷҷатҳо барои додани нусхаи нави ҳуҷҷати муҳофизатӣ оид ба ихтироъ дар ҳолати гум кардани он ва нашри махлумоти дахлдор ва ғайра.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳа дар маҷмӯъ барои  ба танзим даровардан ва мукаммал намудани муносибатҳои соҳаи мазкур равона гардидааст.

Аз ҷониби таҳиякунанда чунин чораҳо (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) андешида шудаанд:

  • фаҳмондадиҳӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳои зикргардида иштирок менамоянд;
  • ташкили мизи мудаввар бо иштироки соҳибкорон ва ихтироъкорон.
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи қарори мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • сатҳи хизматрасониҳои вобаста гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, расмиёти бақайдгирии ихтироъ, намунаи саноатӣ ва тамғаи молӣ беҳтар мегардад;
  • барои баланд бардоштани эътимоди муаллифон, ихтироъкорон ва соҳибкорон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо такони ҷиддӣ мебахшад;

 

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • дар натиҷаи ҳифзи ҳуқуқ ва хавасмангардонии соҳибкорон ва ихтироъкорон бахши иҷтисодӣ ва саноатии кишвар рушд меёбад;
  • истеҳсол ва содироти технологияҳои муосир зиёд мегардад.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 04.08.2022
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00061-MMK-#61.pdf
Тамоси таҳиякунанда н. И. Сомони, Бохтар 37, 2215132, info@medt.tj
Санаи нашр 04.07.2022
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
61 Ҳа   08.08.2022 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон