Рақам 62
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатиро ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ истифода мебаранд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.11.2022
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.12.2022
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан “О Порядке и условиях включения официального названия, государственного флага Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарного знака”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 05.11.2022
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад
  1. Танзим нашудани муносибатҳо вобаста ба истифода бурдани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ дар тамғаи молӣ;
  2. Муайян набудани тартиби ба тамғаҳои молӣ ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ;
  3. Ба вуҷуд омадани баҳсҳо вобаста ба истифода бурдани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ дар тамғаи молӣ;
  4. Муайян набудани талабот вобаста ба ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ дар тамғаи молӣ.
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳа мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани қисми 6 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва муайян намудани тартиб, шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатиро ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ таҳия карда шудааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳаи мазкур чораҳои зерин пешбинӣ карда шудааст:

  • пешниҳоди ҳуҷҷат вобаста ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ;
  • омода намудани хулосаи экспертӣ оид ба воридсозии унсурҳои ҳифзнашаванда ба тамғаи молӣ ё рад намудани онҳо;
  • таъсиси Комиссия оид ба баррасии хулоса доир ба нишонаҳои дарбаргирандаи унсурҳои ҳифзнашаванда;
  • гирифтани хулоса оид ба имконпазир ё имконнопазир будани воридсозии номи расмӣ ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда ба тамғаи молӣ.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳа дар маҷмӯъ барои  ба танзим даровардан ва мукаммал намудани муносибатҳои соҳаи мазкур равона гардидааст.

Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» пешбинӣ намудааст, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани муносибатҳои мазкур ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Санади мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

- сатҳи хизматрасониҳои вобаста истифодаи номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатиро ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ беҳтар мегардад;

- барои баланд бардоштани эътимоди соҳибкорон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо такони ҷиддӣ мебахшад;

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

- дар натиҷаи ҳифзи ҳуқуқ ва хавасмангардонии соҳибкорон ва ихтироъкорон бахши иқтисодӣ ва саноатии кишвар рушд меёбад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 05.11.2022
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00062-MMK-#62.pdf
Тамоси таҳиякунанда н. И. Сомони, Бохтар 37, 2215132, info@medt.tj
Санаи нашр 05.10.2022
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
62 Ҳа   30.11.2022 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон