Рақам 64
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Намояндагони патентӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.11.2022
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.01.2023
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи намояндагони патентӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан “О патентных поверенных”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 25.11.2022
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Пешбурди парвандаҳо оид ба додани патент ё шаҳодатнома ва ҳалли дигар масъалаҳои объектҳои моликияти саноатӣ дониши махсусро дар соҳаҳои илм, техника ва ҳуқуқи патентӣ талаб мекунад. Барои ин қонунгузор ба ихтироъкорон ва дигар соҳибҳуқуқон на танҳо иштироки мустақилонаи онҳо, балки истифодаи хизматрасонии дигаронро пешниҳод мекунад. Ба сифати чунин субъектон пеш аз ҳама ваколатдорони патентӣ (намояндагони патентӣ)-е, ки онҳо шахсони маълумоти махсусдошта, дорои собиқаи махсуси корӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ва аз аттестатсияи (имтиҳони) махсус гузашта, унвони намояндаи патентӣ гирифта эътироф гардидаанд, баромад карда метавонанд. Ҳоло қонунгузор намояндагони патентиро ба тариқи васеъ ба танзим надаровардааст.

Ҳамаи намояндагони патентӣ бояд аз аттестатсияи ҳатмӣ гузашта дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ё худ дар Идораи патентӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, яъне дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ ба қайд гирифта шаванд ва ба онҳо шаҳодатномаи ҳуқуқи махсус барои ба амал баровардани фаъолияти касбӣ дода мешаванд.

Намояндагони патентӣ метавонанд мустақилона ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё бо таъсис додани шахси ҳуқуқӣ фаъолияти касбии худро ба амал бароранд.

Муносибати байниҳамдигарии намояндагони патентӣ бо мизоҷон дар асоси шартномаи супориш ва ваколатномаи аз тарафи мизоҷ дода шуда ба роҳ монда мешаванд.

Агар ягон амал андешида нашавад, муносибатҳо вобаста ба фаъолияти намондагони патентӣ ба танзим дароварда нашуда, баҳсҳо байни ихтироъкорон, муаллифон ва соҳибкорон ба вуҷуд меоянд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳаи мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 2.1 Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 ва инчунин банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими муносибатҳо вобаста ба намояндагони патентӣ, таҳия гардидааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳаи Қонун чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- пешбурди корҳо бо намояндагони патентӣ;

- талабот нисбат ба номзадҳо барои намояндагони патентӣ;

- аттестатсияи намояндагони патентӣ;

- бақайдгирии намояндагони патентӣ;

- махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо ҳангоми амалигардонии фаъолияти намояндагони патентӣ;

- боздоштани фаъолияти намояндагони патентӣ ва ғайра.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Мутобиқи банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ яке аз чорабиниҳои асосӣ ин омӯзиш, таҳлил ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллии соҳаи моликияти зеҳнӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад.

Дар таҷриба, баҳсҳо байни Идораи патентӣ, намояндагони патентӣ ва ихтироъкорон вобаста ба ҳуқуқ ва ваколатҳои намояндагони патентӣ зиёд мебошанд, ки ҳалли онҳо меъёри дақиқро талаб мекунад.

Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани муносибатҳо вобаста ба ваколат, бақайдгирӣ, аттестатсия ва ҳуқуқҳои намояндагони патентӣ ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи Қонуни мазкур аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • сатҳи хизматрасониҳо аз ҷониби намояндагони патентӣ баланд мегардад;
  • ҳуқуқҳои ихтироъкорон, соҳибкорон, муаллифон ва намояндагони патентӣ ҳифз мегарданд;
  • малакаи касбии намояндагони патентӣ баланд мегардад.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодиёти кишвар;
  • рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 25.11.2022
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00064-MMK-#64.pdf
Тамоси таҳиякунанда н. И. Сомони, Бохтар 37, 2215132, info@medt.tj
Санаи нашр 25.10.2022
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
64 Ҳа   09.12.2022 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон