Рақам | 65 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳо вобаста ба рақамикунонии нақлиёт иштирок менамоянд |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 10.12.2022 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 10.02.2023 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қарор |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Постановление Правительства Республики Таджикистан “О Государственном унитарном предприятии “Центр цифровизации транспортной отрасли” |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 04.12.2022 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт тақвияти рушди соҳаи нақлиёт бидуни рақамикунонӣ имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ, дар заминаи талаботи консепсияҳо, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорати нақлиёт номгӯи 26 модули рақамикунонии соҳаи нақлиёт таҳия шудааст. Низомҳои интелектуалии нақлиёт ба давлатҳои рушдёбанда имкон медиҳад, ки тафовут дар самти рушди соҳаи нақлиёт дар муқоиса бо давлатҳои пешрафта коҳиш дода шавад. Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин равандҳо навоварӣ буда, пешбурд ва фаъол нигоҳ доштани он, дар заминаи сохтори мавҷуда ғайри имкон мебошад. Таъсиси сохтори мазкур дар асоси таҷрибаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Аз ин рӯ, таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ барои пешбурди низом ва технологияҳои дар соҳа амалишудаистода ва минбаъд амалишаванда мувофиқи мақсад мебошад. Агар КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” таъсис дода нашавад, пешбурди низом ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи нақлиёт дуруст ба роҳ монда намешавад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлисӣ Олӣ аз 26 январи соли 2021 вобаста ба рақамикунонӣ, инчунин ҷиҳати амалисозии “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Таҷрибаи нишон дод, ки бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ танзими муносибатҳо вобаста рақамикунонии нақлиёт ғайриимкон мебошад. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Лоиҳаи мазкур пардохтҳои иловагиро аз буҷети ҷумҳурӣ тақозо намекунад. Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 04.12.2022 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Дар барраси |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00065-MMK-#65.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш.Душанбе к. Айни 14, 2222231, huquq@mintrans.tj |
Санаи нашр | 04.11.2022 |