Рақам | 67 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Ташкилотҳои қарзии молиявӣ |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 20.11.2022 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 20.01.2023 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қарор |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2019, №58 |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Постановление Правления Национального банка Таджикистана о внесении изменений и дополнений в Постановление Правления Национального банка Таджикистана от 29 мая 2019 года, №58 |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 10.12.2022 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Мавҷуд набудани воҳидҳои сохтори ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар меҳмонхонаҳо, фурудгоҳҳо, осоишгоҳҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ боиси норозигии меҳмонон ва сайёҳҳони хориҷӣ гардида истодааст. Дар асоси талаботи Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2019, №58 тасдиқ гардидааст, барои пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ воҳиди сохторӣ дар шакли маркази хизматрасонии бонкӣ пешбинӣ шудааст, ки масоҳати он набояд аз 25 метри мураббаъ ва шумораи кормандонаш набояд аз 3 нафар кам бошад. Ташкили чунин воҳиди сохторӣ дар меҳмонхонаҳо, фурудгоҳҳо, осоишгоҳҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ қариб ғайриимкон мебошад. Боиси қайд аст, ки бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, беҳтар намудани дастрасии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ, зиёд гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зарурати аз нав таъсис ва ба танзим даровардани фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба миён омадааст. Инчунин, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо, ки қаблан бо ҳамин санад иҷозати таъсиси нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ дар меҳмонхонаҳо, фурудгоҳҳо, осоишгоҳҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо доираи амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ, ивази асъорҳо, майда кардани асъор ва ивази асъори фарсуда танзим гардида буд, барои дастрас ва содда гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ барои аҳолӣ пешбинӣ шудааст. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсад аз дахолати давлат, яъне ворид намудани тағйиру иловаҳо дар Тартиби мазкур мусоидат намудан ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, беҳтар намудани дастрасии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ, зиёд гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, махсусан амалиёти мубодилавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар доираи тағйиру иловаҳо дар Тартиби мазкур чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида (набудни воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар меҳмонхонаҳо, фурудгоҳҳо, осоишгоҳҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон корҳои зерин анҷом дода шуданд:
Бо вуҷуди аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон андешида шудани чорахои зикршуда бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ, проблемаи мазкур хамоно ҷой дорад. Аз ин лихоз, ягона рохи бартараф намудани он дар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби мазкур дида мешавад. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Ворид ва тасдиқ намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ ягон хароҷотро талаб наменамояд. Қабули санади меъёрии ҳуқуқии мазкур боиси оқибатҳои зерин мегардад: 1) оқибатҳои иҷтимоӣ: - ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, беҳтар намудани дастрасии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ, зиёд гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, махсусан амалиёти мубодилавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣмусоидат менамояд; - барои дастрас ва содда гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ барои аҳолӣ мусоидат менамояд; - сифати хизматрасониии бонкӣ беҳтар мешавад; - боваринокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ зиёд мегардад. 2) оқибатҳои иқтисодӣ: - барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ манбаи иловагии даромад пайдо мешавад; - вазъи молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ беҳтар мегардад. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 10.12.2022 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00067-MMK-#67.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj |
Санаи нашр | 09.11.2022 |