Рақам 68
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳо вобаста ба ворид намудани молу воситаҳои нақлиётӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок менамоянд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.02.2023
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.04.2023
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок распоряжения товарами и транспортными средствами, находящимися под таможенным контролем
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 28.01.2023
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор меъёрҳои ҳаволакунанда (моддаҳои 12, 103, 223 ва 418) муқаррар намудааст, ки молҳои мамнӯъи ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон воридгардида, дар анборҳои нигоҳдории муваққатӣ ва анборҳои гумрукӣ, инчунин, аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми санҷиши гумрукӣ гирифташуда бо гузашти муҳлатҳои муқарраргардидаи нигоҳдорӣ тибқи  тартиби муқаррарнамудаи боби 58 Кодекси мазкур ихтиёрдорӣ карда мешаванд.

Дар боби 58 Кодекси гумрук бошад, қоидаҳо ва расмиёти дақиқи ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти мазкур пешбинӣ нашуда, муқаррар гардидааст, ки тартиби мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Муайян набудани тартиб, қоидаҳо ва расмиёти ихтиёрдорӣ намудани муҳлати нигоҳдориашон гузашта дар амалияи татбиқи талаботи қонунгузории гумрук якчанд монеа ва мушкилиҳоро пеш овардааст.

Аз ҷумла, шумораи зиёди молҳои воридоташон мамнӯъ (масалан, воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост ва соли бароришашон то соли 2005), ки солҳои қабл аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид карда шуда, аз ҷониби онҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда бозпас содир карда нашуданд, то имрӯз дар минтақаҳои назорати гумрукӣ бо вайрон гардидани талаботи қонунгузории гумрук қарор доранд.

Айни замон мушкили мазкур дар ҳолати татбиқи расмиёти гумрукии нигоҳдории муваққатии молҳо ҷой дорад, ки дар солҳои қабл шумораи зиёди молҳо аз ҷониби субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар анборҳои нигоҳдории муваққатӣ бо татбиқи расмиёти мазкур ҷойгир карда шуда, барасмиятдарории гумрукии онҳо аз ҷониби субъектҳои мазкур дар муҳлатҳои муқарраршуда бо вайрон гардидани талаботи қонунгузории гумрук анҷом дода нашудаанд. Албатта, шахсони мазкур тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда (моддаи 590 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) сари вақт ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҷалб карда шудаанд. Аммо ҳанӯз ҳам бо сабабҳои гуногун (аксаран, бо сабаби барҳам хӯрдани шахсони ҳуқуқии дахлдор) молҳои мазкур дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ бидуни муайян гардидани тақдири минбаъдаи онҳо қарор доранд.

Ҳарчанд, ки дар моддаҳои 455 ва 457 Кодекси гумрук салоҳияти мақомоти гумрук дар мавриди ихтиёрдорӣ намудани далелҳои шайъӣ то қабул гардидани қарори суд ва ба соҳиби қонунӣ баргардонидани маблағи фурӯши чунин молу воситаҳои нақлиёт пешбинӣ гардидааст, аммо ҷиҳати иҷрои талаботи моддаҳои мазкур зарур аст, ки тартиб ва расмиёти амалҳо дар ҳолати  мазкур бо таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда шавад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳаи Тартиби ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта ҷиҳати иҷрои талаботи моддаҳои 456-457 бо мақсади муайян намудани қоидаҳо ва расмиёти ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти муҳлати нигоҳдориашон гузашта ва далелҳои шайъии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ичунин тартиби ба соҳиби қонунӣ пардохтани маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомадаро, ки ба моликияти давлатӣ гузаронида нашудаанд, таҳия гардидааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

  • ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти муҳлати нигоҳдориашон гузашта;
  • муҳлати ниҳоии нигоҳдории молу воситаҳои нақлиёт;
  • фурӯши молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта;
  • ба соҳиби қонунӣ пардохтани маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомада, ки ба моликияти давлатӣ гузаронида нашудаанд;
  • ихтиёрдорӣ намудани далелҳои шайъии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба соҳиби қонунӣ пардохтани маблағи аз фурӯши онҳо бадастомада, ки ба моликияти давлатӣ гузаронида нашудаанд.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бо қабул гардидани лоиҳаи пешниҳодшуда тартиб ва расмиёти амалҳои мақомоти дахлдори давлатӣ дар мавриди ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои мазкур дақиқ муайян гардида, он ба татбиқи дуруст ва яксони муқаррароти қонунгузории амалкунанда мусоидат хоҳад намуд. Бидуни қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқи ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин танзими масъалаи мазкур ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи мазкур хароҷоти иловагии молиявиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

- сатҳи хизматрасониҳои гумрукӣ баланд мегарданд;

- ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта дуруст ба роҳ монда мешавад;

- пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ;

- ҳимоя ва ҳифзи қонунгузории гумрук ва амнияти он.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

- рушди иқтисодиёти кишвар;

- рушди фаъолияти соҳибкории ватанӣ ва хориҷӣ.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 28.01.2023
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00068-MMK-#68.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе к. Бухоро 50/1, 918408925, matluba16@mail.ru
Санаи нашр 27.12.2022
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
68 Ҳа   10.02.2023 Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ