Рақам 69
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Субъектҳои ҳисоботдиҳанда (рӯйхати субъектҳои ҳисоботдиҳанда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” муайян шудааст)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.03.2023
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.05.2023
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Оид ба намудҳои амалиёти ҳатман назоратшаванда ва тартиби пешниҳоди иттилоот дар бораи онҳо
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ О видах операций, подлежащих обязательному контролю и порядок предоставления информаций о них
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 23.03.2023
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Бояд қайд намуд, ки айни замон амалиётҳои ҳатман назоратшаванда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” пешбинӣ гардида, тибқи Қонуни мазкур субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадоранд дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар диҳанд.

Қобили қайд аст, ки пешниҳоди иттилоот дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванд ва коркарди минбаъдаи он дар пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом нақши муҳим дошта, аз талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) бармеоянд.  Мутобиқи қатъномаҳои 1617 (2005) ва 2462 (2019) Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид давлатҳои аъзо уҳдадоранд, ки тавсияҳои ФАТФ-ро амалӣ намоянд.

Дар Қонуни мазкур талабот дар бораи пеҳниҳоди маълумот оид ба амалиёти ҳатман назоратшаванда ба таври умумӣ (моддаи 19)  пешбинӣ шуда, муқаррар шудааст, ки намудҳои амалиёти ҳатман назоратшаванда ва тартиби пешниҳоди он бо дастарамали қабулнамудаи мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ карда мешавад (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017, №966 мақоми ваколатдордар ин самт Бонки миллии Тоҷикистон муайян шудааст).

Бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” дар таҳрири нав зарурати таҳия ва қабул намудани санади зерқонуние, ки намудҳои амалиёти ҳатман назоратшаванда ва тартиби пешниҳоди иттилоот дар бораи онҳоро танзим кунад, ба миён меояд.

Дар ҳолати қабул нагардидани лоиҳаи дастурамали мазкур бинобар номуайян будани намудҳои амалиёти ҳатман назоратшаванда ва механизми пешниҳоди он иҷрои талаботи Қонун доир ба хабар расонидан дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ғайриимкон мегардад. Чунин ҳолат метавонад боиси бе назорат мондани амалиётҳо гардида, хавфҳои  қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро дар кишвар ба вуҷуд орад.

Илова бар ин, он метавонад ба рейтинги кишвар аз рӯи иҷрои тавсияҳои ФАТФ, низ таъсири манфӣ расонад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсади таҳия намудани лоиҳаи Дастурамали мазкур ин муайян кардани намудҳои амалиёти ҳатман назоратшаванда ва тартиби аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда пешниҳод намудани иттилоот дар бораи онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошад

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Лоиҳаи Дастурамали мазкур бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва таклифу пешниҳодҳои коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор таҳия карда шуда, дар он чораҳои зерин мушаххасан муайян карда мешавад:

  • намудҳои амалиётҳои ҳатман назоратшаванда;
  • механизми пешниҳод намудани маълумот оид ба он ба мақоми ваколатдор;
  • талабот оид ба нигоҳдории маҳрамияти иттилоот ва манъи ифшо намудани он.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бо қабул гардидани лоиҳаи дастурамали пешниҳодшуда намудҳои амалиёте, ки ҳатман назорат карда мешаванд, инчунин механизми пешниҳоди иттилоот оид ба онҳо мушаххасан танзим карда мешаванд.

Бидуни қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва танзими масъалаи мазкур, инчунин иҷрои тавсияҳои ФАТФ дар ин самт ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки бо андешидани тадбирҳои дахлдор он метавонад барои пешгирии ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта ва коҳиш додани иқтисодиёти ниҳонӣ мусоидат намояд.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани рейтинги кишвар вобаста ба амалӣ намудани талаботи тавсияҳои ФАТФ.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 23.03.2023
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00069-MMK-#69.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 20.02.2023
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
69 Дар барраси