Рақам 7
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродие, ки бо фаъолияти ташхиси радионуклиди сарукор доранд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 21.11.2019
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.12.2019
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қоида
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ ТАЛАБОТИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАШХИСИ РАДИОНУКЛИДӢ БА ВОСИТАИ МАВОДҲОИ РАДИОФАРМАТСЕВТӢ
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Требования по обеспечению радиационной безопасности при проведении радионуклидной диагностики с помощью радиофармпрепаратов
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 21.10.2019
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Дар Чумхурии Точикистон марказхои тибби хастаи барои ташхиси бемории саратон бо истифода аз манбаъхои афканишоти ионофари кушода фаъолит мекунанд, ки хангоми нодуруст истифода намудани онхо хам кормандон ва хам беморон метавонанд дозаи барзиёди радиатсиониро сохиб гарданд. Ин мутахассисони сохаи бехатарии радиатсиони ва табибони ташхисгарро нигарони мекунад. Кормандони тибби хастаи намедоданд аз руи кадом талаботхо бехатарии радиатсиониро таъмин намоянд. Бинобар ин, зимни маслихати коршиносон карор кабул шуд, ки барои фаъолияти кормандони тибби хастаи як талабот оид ба бехатарии радиатсиони тахия ва тасдик карда шавад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Максади асосии дахолати давлат пешгири намудани шуоъхурии берзиёди беморон ва кормандон, инчунин пешгирии садамахои радиатсиони зимни ташхиси беморихои саратон дар марказхои тибби хастаи мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоихаи мазкур талаботхои умуми оид ба бехатарии радиатсиони, талабот ба конструксияи бино ва мухофизати радиатсионии хураи тибби хастаи, талабот ба тачхизоти техники ва рафти корхои ташхиси, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ, таъмини бехатарии беморон ва кормандон ва назорати он пешбини карда мешаванд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Омузонидани кормандони марказхои тибби хастаи, харидори намудани тачхизоти замонави барои ташхиси беморихои саратон.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоихаи санади мазкур аз чониби мутахассисони Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон тахия карда мешавад ва дар доира маблагхои бучетии барои фаъолияти Агенти пешбини шуда амали карда мешаванд. Айни хол аз сабаби баланд набудани сифати хизматрасонии тибби хастаи дар марказхои тибби хастаи чумхурии микдори ками беморон ба ончо мурочиат мекунанд, ки сабаби он тачрибаи кам доштани мутахассисони соха ва набудани асосхои хукуки ва техникии таъмини бехатарии радиатсиони дар ин соха мебошад. Аз ин ру марказхои мазкур даромади кам ба даст оварда харочоти худро пурра пушонида наметавонанд. Кисми зиёди беморон барои муолича ба хорича рафта дар марказхои ончо ташхис ва муолича мегиранд, ки боиси харочоти зиёд ва аз мамлакат баромадани маблагхо мегардад. Хангоми дуруст ба рох мондани фаъолият аз руи коидаи мазкур марказхои тибби хастаи шароити бехатар ва мусоид барои беморон фарохам меоранд ва беморонро дигар зарурат намешавад, ки ба хорича барои муолича раванд. Марказхои тибби хастаи низ аз маблагхои аз муолича ба дастоварда боз сатху сифати хизматрасониро баланд мебардоранд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 30.09.2019
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00007-MMK-yadroi_oidi_radiofarmatsevti.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе к. Х.Хакимзода 17а, 937766636, b.barotov@nrsa.tj
Санаи нашр 30.07.2019
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
7 Ҳа   25.10.2019 Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи