Рақам | 70 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Бонки миллии Точикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Субъектҳои ҳисоботдиҳанда (рӯйхати субъектҳои ҳисоботдиҳанда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар б) ораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” муайян шудааст |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 31.03.2023 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 31.05.2023 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Дастурамал |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Дар бораи санҷиши дахлдори муштарӣ |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | О надлежащей проверки клиента |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 23.03.2023 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” чораҳо оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ ба таври умумӣ танзим карда шуда, дар як қатор меъёрҳои ҳаволакунандаи он (моддаҳои 9, 15 ва 17) муқаррар гардидааст, ки санҷиши дахлдори муштарӣ тибқи дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ карда мешавад (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017, №966 мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом Бонки миллии Тоҷикистон муайян шудааст). Қобили қайд аст, ки гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ яке аз чораҳои муҳими пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба ҳисоб рафта, аз талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) бармеоянд. Мутобиқи қатъномаҳои 1617 (2005) ва 2462 (2019) Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид давлатҳои аъзо уҳдадоранд, ки тавсияҳои ФАТФ-ро амалӣ намоянд. Айни замон гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ тибқи Дастурамали №200 “Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2013, №305 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад. Бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” дар таҳрири нав зарурати дар таҳрири нав низ таҳия ва қабул намудани Дастурамали зикргардида низ дида мешавад. Дар ҳолати қабул нагардидани лоиҳаи дастурамали мазкур субъектҳои ҳисоботдиҳанда наметавонанд, ки санҷиши дахлдори муштариро дуруст анҷом диҳанд, ки он метавонад боиси баланд гардидани хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишвар гардад. Илова бар ин, ба таври дахлдор танзим нагардидани чораҳо оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ метавонад ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ, рейтинги кишвар аз рӯи иҷрои тавсияҳои ФАТФ, мувофиқан ба вазъи иқтисодӣ ва фазои сармоягузории кошвар низ таъсири манфӣ расонад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсади таҳия намудани лоиҳаи Дастурамали мазкур ин муайян кардани тартиби гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ ва молик-бенефитсиар зимни ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва ё анҷом додани амалиёт бо муштарӣ мебошад. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Лоиҳаи Дастурамали мазкур бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва таклифу пешниҳодҳои коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор таҳия гардида, тартиби гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ ва молик – бенефитсиарро бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян менамояд. Дар лоиҳаи Дастурамали мазкур ҳадди ақал ҳолатҳое, ки санҷиши дахлдори муштарӣ бояд гузаронида шавад, инчунин чораҳое, ки аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда барои муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар андешида мешаванд, мушаххасан танзим карда мешаванд. Илова бар ин, дар лоиҳа талабот нисбат ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда оиди дар асоси равиши ба хавф нигаронидашуда гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ ва молик бенефитсиар муқаррар карда мешавад. Талаботи мазкур имкон медиҳад, ки ҳангоми ҷой доштани сенарияи хавфҳои баланди қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ андешида шуда, дар ҳолати ҷой доштани сенарияи хавфи паст бошад, сабукиҳо зимни гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ муқаррар карда шавад. Ғайр аз ин дар лоиҳа шартҳое, ки тибқи он субъектҳои ҳисоботдиҳанда метавонанд барои гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ тарафи сеюмро ҷалб намоянд, мушаххасан муқаррар карда мешавад. Дар лоиҳа чораҳои иловагие, ки субъектҳои ҳисоботдиҳанда бояд нисбат ба шахсони мансабдори оммавӣ, инчунин дигар муштариёни дорои хавфи баланд андешанд, мушаххасан муайян карда мешавад. |
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бо қабул гардидани лоиҳаи дастурамали пешниҳодшуда чораҳо оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ, аз ҷумла чораҳои қатъӣ ва соддашудаи санҷиши дахлдори муштарӣ мушаххасан танзим карда мешавад. Дар лоиҳа шартҳое, ки тибқи он субъектҳои ҳисоботдиҳанда метавонанд барои гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ тарафи сеюмро ҷалб намоянд низ мушаххасан танзим карда мешавад. Бидуни қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва танзими масъалаи мазкур, инчунин иҷрои тавсияҳои ФАТФ дар ин самт ғайриимкон мебошад. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки дар ҳолати таҳия ва татбиқ намудани санади мазкур санҷиши дахлдори муштарӣ бо назардошти равиши ба хавф нигаронидашуда гузаронида шуда, ҳангоми дараҷаи баланди хавф чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ ва дар ҳолати паст будани хавфҳо сабукиҳо дар амалӣ кардани ин чораҳо муқаррар карда шаванд. Инчунин, дар лоиҳа тартиби ҷалби миёнаравон ё тарафи дигари сеюм зимни гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба танзим дароварда мешавад, ки муқаррароти мазкур метавонад барои васеъ гардидани доира ва маҳалли хизматрасонии субъектҳои ҳисоботдиҳанда, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии молиявӣ, беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонии онҳо, коҳиш додани хароҷотҳои онҳо ва мувофиқан баланд гардидани қобилияти рақобатпазирии онҳо оварда расонад. Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки субъектҳои ҳисоботдиҳанда уҳдадориҳояшонро оид ба гузаронидани санҷиши дахлдори муштарӣ дуруст анҷом дода, бо ин барои пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Қабули лоиҳаи мазкур барои таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроримз ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва баланд бардоштани рейтинги кишвар вобаста ба амалӣ намудани талаботи тавсияҳои ФАТФ низ мусоидат хоҳад кард. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 23.03.2023 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00070-MMK-#70.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj |
Санаи нашр | 20.02.2023 |