Рақам 81
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Маркази миллии қонунгузорӣ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилот ва корхонаҳои тиҷоратии хориҷӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 23.04.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 25.08.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан "О международном коммерческом арбитраже"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 25.03.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Лоиҳа бо мақсади таъмини иҷрои тавсияи Ассамблеяи генералии СММ оид ба мутобиқ намудани қонунгузории давлатҳои аъзо ба Қонуни намунавии ЮНСИТРАЛ “Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ” таҳия гардидааст.

Дар сурати ба тамоюлоти нав ва стандартҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мутобиқат накардани тартиби ҳалли баҳсҳои ғайридавлатӣ, сатҳи натиҷанокӣ ва самаранокии муҳокимаҳои арбитражӣ паст гардида, дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ монеаҳо эҷод мегарданд.

Талаботҳои номутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ метавонад боиси норозии тарафҳои арбитражи байналмилалӣ гардад, зеро на ҳама масъалаҳои алоқаманд ба арбитраж дар созишномаҳои арбитражӣ пешбинӣ шудаанд.

Номуайянӣ дар қонунҳои давлатҳо манфиатҳои тарафҳоро маҳдуд намуда, дар интихоби макони арбитраж таъсири манфӣ мегузорад.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бо таҳияи лоиҳаи мазкур давлат на ин, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ дахолат, балки барои рушди он ва таҳкими сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд. Зеро, танҳо дар сурати мутобиқ ба стандартҳои умумиэътирофшуда қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ” тарафҳои созишномаи арбитражӣ метавонанд арбитражи Тоҷикистонро ҳамчун макони баргузории арбитраж интихоб намоянд. Дар сурати ба вуҷуд омадани баҳс байни корхонаи тиҷоратии ватанӣ ва корхонаи тиҷоратии давлати хориҷӣ, ки дар натиҷа арбитражи Тоҷикистон ҳамчун макони баҳс интихоб мешавад, ин ҳам ба нуфузи арбитражи Тоҷикистон ва ҳам ба соҳибкорони ватанӣ манфиатбахш мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ” чанд соли охир мавриди таҳлил ва такмил қарор дошта, дар асоси сархати сеюми банди 6 Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2014, №288 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав омода гардидааст. Ҳамзамон, мавриди тазаккур аст, ки лоиҳа дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2023, №27377(17) дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ баррасӣ гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор такмил дода шуд.

Лоиҳаи мазкур аз муқаддима, 9 боб ва 42 модда иборат буда, муносибатҳоеро, ки ба фаъолияти суди арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ алоқаманданд, инчунин тартиб, шартҳои эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои онҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Дар лоиҳа тамоми ухдадорӣ ва маҳдудиятҳое, ки нисбати тарафҳои созишномаи арбитражӣ пешбинӣ гардида буданд, хориҷ карда шуда, лоиҳа ба Қонуни намунавии ЮНСИТРАЛ “Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ” мутобиқ гардонида шудааст.

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бидуни таҳияи лоиҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ғайриимкон аст, зеро танҳо дар сурати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ монеаҳои мавҷуда бартараф гардида, баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дуруст ва самаранок ба роҳ монда мешавад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Лоиҳа ба рушди иқтисодиёт ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 25.03.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00081-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда  
Санаи нашр 23.02.2024
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
81 Ҳа   04.04.2024 Маркази миллии қонунгузорӣ