Рақам | 88 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 20.06.2024 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 01.09.2024 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Қонун |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Закон Республики Таджикистан О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О бухгалтерском учете и финансовой отчетности» |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 16.06.2024 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва вусъат додан ба гузариши тамоми субъектҳои хоҷагидор ба стандартҳои байналмилалӣ, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва дар заминаи ҳисоботи молиявӣ таъмин намудани маълумоти шаффоф, саҳеҳ ва эътимоднок ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ, инчунин вусъат додан ба раванди дастрасӣ ба бозорҳои молиявии байналмилалӣ равона карда шудаанд. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкуррро бо назардошти гузариши пурраи низоми амалкунанда ба стандартҳои байналмилалии соҳа, татбиқи низомҳои иттилоотӣ дар раванди пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, инчунин бо мақсади танзими масъалаҳои дар амалия ҷойдошта, пешниҳод намудааст. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Натиҷаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур боиси он мегардад, ки ҳар як субъект ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ бевосита масъулият ҳис мекунанд ва баҳсобгирии дурсти маюлаҳои буҷети ва ғайрибуҷетиро амалӣ намуда, пас аз бевосита ба Буҷети давлатӣ пардохт намудани маблағҳои дахлдори андозӣ ва ғайриандозиро анҷом диҳанд. Бояд тазаккур дод, ки ҷорӣ намудани механизми мазкур боиси то як сатҳи назаррас паст намудани ҳолатҳои ба миён омадани омилу сабабҳои характери коррупсионидошта, аз бурдани рӯйпғш намудани пардохти маблағҳои давлатӣ ба буҷет ва ҳамагуна кирдорҳои номатлуб мегарданд. |
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори пешбарандаи самти сиёсати молияӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ бо ба иноюат гирифтани стандартҳои байналмилалӣ ба зимма дорад. Таҷриба нишон дод, ки бинобар нокифоягии меъёрҳои санади меъёрии ҳуқуқии соҳа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» тағйиру иловҳо бо мақсади таъмини шаффафияти таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии субъектон, механизми муайяни баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои тибқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба роҳ, ки ин омил боиси носаҳеҳ пешниҳод гардидани ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳо ва мақомоти давлатӣ гардидааст. Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз талаботи гузариши ҳисоботдиҳии рақамии давлатҳо бо назардошти стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ амалӣ карда мешавад имконнопазир буда, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани ҳисоботдиҳии соҳа, аз ҷумла дар ташкилотҳои буҷетӣ ғайриимкон мебошад. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Қонуни мазкур тавре зикр намудем, фаъолияти субъектони дорои манфиати умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ гардида, ба қисми даромади буҷети давлатӣ ворид гардиан маблағҳо ба таври аммиқ амалӣ, инчунин таъминоти равандаи низоми баҳисобгирии муҳосибии давлат тибқи стандартҳои байналмилалии муҳосибӣ ба роҳ монда мешавад. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 16.06.2024 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00088-MMK-Untitled.FR13.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 900784444, Karimzoda87@mail.ru |
Санаи нашр | 15.05.2024 |