Рақам 92
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 17.06.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.09.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯйхатҳои моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок, инчунин миқдори кам, начандон калон ва калони моддаҳои сахттаъсир барои мақсадҳои моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан о списках сильнодействующих веществ и ядовитых веществ, а также мелкий, небольшой и крупный размер сильнодействующих веществ для целей соответствующих статей уголовного кодекса республики Таджикистан
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 16.06.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Айни замон, бинобар сабаби муайян набудани миқдори кам ва начандон калони моддаҳои сахттаъсир ҳангоми бандубаст намудани кирдори ҳуқуқвайронкунандаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мушкилот дучор меоянд. Яъне, зимни аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардидани моддаҳои сахттаъсир, барои банду баст кардани кирдори шахси ҳуқуқвайронкунанда, миқдори кам ва начандон калони моддаҳои сахттаъсир муайян нагардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки вақтҳои охир истеъмоли ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир аз ҷониби наврасону ҷавонон, аз он ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нигароникунанда буда, ин вазъият андешидани чораҳои саривақтии ҳуқуқиро тақозо менамояд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои талаботи банди 41-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2021-2025 ва бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва таъмини муомилоти қонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок, инчунин бо мақсади пешгирии суиистеъмоли он, аз ҷониби Агентӣ дар  якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯйхатҳои моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок, инчунин миқдори калони моддаҳои сахттаъсир барои мақсадҳои моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022, №421 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Лоиҳаи мазкур аз 4 банд ва замимаи 1, 2 ва 3 иборат буда, муносибатҳо оид моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок, инчунин миқдори кам, начандон калон ва калони моддаҳои сахттаъсир барои мақсадҳои моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон   танзим менамояд.

Лоиҳа бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва таҷрибаи ҷумҳурӣ барои мақсадҳои моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия   гардидааст.

Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- зимни муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардидани моддаҳои сахттаъсир, барои банду баст кардани кирдори шахси ҳуқуқвайронкунанда, миқдори кам ва начандон калони моддаҳои сахттаъсир муайян гардидааст;

- Рӯйхати моддаҳои сахттаъсир барои мақсадҳои моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Рӯйхати моддаҳои заҳрнок барои мақсадҳои моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- миқдори кам, начандон калон ва калони моддаҳои сахттаъсир барои мақсадҳои моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳа дар маҷмуъ барои ба танзим даровардан ва мукаммал намудани муносибатҳои самти мазкур равона гардидааст.

Аз ҷониби таҳиякунанда чунин чораҳо (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуҳуқӣ) андешида шудаанд:

• фаҳмондадиҳӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ки дар муносибатҳои зикргардида иштирок менамоянд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

• ин ташаббус муомилоти озоди чунин моддаҳоро маҳдуд намуда, барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба муомилоти ғайриқонунии онҳо машғулбуда, дар оянда заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад;

• дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми банду басти ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдори ҷинояткорон мушкилиҳоро бартарф менамояд.

Оқибатҳои иқдисодии лоиҳаи мазкур:

• муомилоти қонунии моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок, инчунин миқдори кам, начандон калон ва калони моддаҳои сахттаъсир   ба танзи медарорад.

Бо қабул гардидани лоиҳаи пешниҳодшуда татбиқи дуруст ва яксони муқаррароти қонунгузории амалкунанда оид ба муомилоти қонунии моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок, инчунин миқдори кам, начандон калон ва калони моддаҳои сахттаъсир   мусоидат хоҳад намуд.

Бидуни ворид намудани чунин иловаҳо ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин танзими масъалаи мазкур ғайриимкон мебошад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 16.06.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00092-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда н. Фирдавси к. Неъмат Карабоев 52, +992880002183, fayz-1983@mail.ru
Санаи нашр 16.05.2024
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
92 Ҳа   20.06.2024 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ