Рақам 94
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳо оид ба ташаккули фонди роҳ иштирок менамоянд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 25.06.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 02.09.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан «О порядке формирования и использования Дорожного фонда Республики Таджикистан»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 22.06.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Ҳамасола аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум як миқдор маблағ пешбинӣ мегардад, ки дар доираи он таъмир ва нигоҳдории роҳои автомобилгарди истифодаи умум ба роҳ монда мешавад.

Бо ин мақсад дар соли 2024 ба маблағи 106,9 млн. сомонӣ барои таъмир ва нигохдории роҳҳои автомобилгард аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардид. Маблағҳое, ки барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум пешбинӣ мегарданд нокифоя буда, ба пойдории дороиҳои роҳ, ки ба маблағи зиёд бунёд шудаанд, таъсири манфӣ расонида, пеш аз муҳлати меъёри истифодабарй вайрону валангоршавии онҳо боис мегардад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта танҳо дар мавриди таъсиси Фонди роҳ имконпазир мегардад ва дар оқибати қабул нагардидани чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, муносибатҳо вобаста ба таъсиси Фонди роҳ дуруст ба роҳ монда намешаванд, инчунин ҳангоми ҷалби сармоя барои рушди соҳаи нақлиёт монеаҳо пайдо мегарданд.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2021, №427(27-2) вобаста ба моддаи 33 қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2018, №1069 оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” аз 31 декабри соли 2020, №706 ба тасвиб расидааст, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 боб 44 банд иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки маблағҳои воридшудае, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, грантҳо, қарзҳо, сармоягузориҳои дохилӣ ва манбаъҳои дигар, ки тибқи қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, барои сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, харидории техника ва таҷҳизот, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, манбаъҳои таълимӣ ва дигар хароҷоту ваколатҳоро муайян менамояд.

Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- баррасӣ, муайян ва тасдиқи самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои фаъолияти Фонди роҳ;

- муайян ва мувофиқа намудани сохтор, басти вазифаҳо, меъёрҳо ва дигар нишондиҳандаҳои соҳаи роҳдорӣ;

- назорат оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои Фонди роҳ;

- сарчашмаҳои ташаккулдиҳии маблағҳои Фонди роҳ;

- муайян намудани самтҳои истифодаи мақсадноки маблағҳои фонди роҳ;

- идоракунии маблағҳои Фонди роҳ;

- муайян намудани тартиби таҳияи буҷети фонди роҳ;

- назорати истифодаи маблағҳои фонди роҳ.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муносибатҳо вобаста ба ташкил ва таъсис намудани фонди роҳ, муайян намудани тартиб, самтҳои хароҷоти фонди мазкур бо субъектоне, ки дар муносибатҳо оид ба ташаккули фонди роҳ иштирок менамоянд, гузаронида шуд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Фонди роҳ як намуди фондҳои ғайрибуҷетии давлатие, ки барои маблағгузории хароҷотҳо вобаста ба нигоҳдорӣ, таъмир, азнавсозӣ ва сохтмони роҳои истифодаи умум таъсис дода мешаванд.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

-         сатҳи хизматрасониҳо вобаста ба нигоҳдории роҳҳо баланд мегардад;

-         сифати роҳҳои автомобилгард баланд мегардад;

-         ҳуқуқҳои соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳифз мегардад.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

-         сармоягузорӣ вобаста ба нигоҳдории роҳҳо аз ҳисоби бахши хусусӣ зиёд мегардад;

-         маблағҳо вобаста таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, харидории техника ва таҷҳизот, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, манбаъҳои таълимӣ ва дигар хароҷотҳо самаронок истифода мешаванд.

 

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 22.06.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе к. Айни 14, 2222231, huquq@mintrans.tj
Санаи нашр 22.05.2024
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
94 Дар барраси