Рақам 95
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.06.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.08.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок определения годности банкнот и монет Национального банка Таджикистана
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 28.06.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Яке аз вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон таъмини сифати тозагии пули нақд дар муомилот ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати саривақт таъмин намудани иқтисодиёт бо пули нақд ва ҳамзамон аз муомилот гирифтани пулҳои фарсуда чораҳои дахлдор андешида мешавад. Барои ба танзим даровардани масъалаи мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон санади меъёрии дахлдор “Қоидаҳо оид ба тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон” дар асоси Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №306 аз 29.11.с.2012 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 4 январи соли 2013 таҳти №421”б” ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси муқаррароти санади мазкур аз ҷониби хазинадорони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳолати пул баҳо дода шуда ба навъҳо гуруҳбандӣ карда мешаванд.

Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки дар ин санади мазкур хусусиятҳои муайян намудани пулҳои фарсуда ба таври маҷмӯӣ оварда шуда, нишонаҳои фарсудашавӣ ба таври дақиқ инъикос наёфтааст.      Дар натиҷа ҳангоми гуруҳбандӣ кардани пулҳо аз ҷониби масъулини низоми бонкӣ, хусусан байни хазинадорон ва санҷишгарон, ихтилофот ба миён меояд. Ҳангоми баҳодиҳӣ тарафҳо дорои ақидаҳои гуногун буда, ин омил боиси баланд шудани хавфи амалиётӣ мегардад. Номуайян будани мушаххасоти пулҳои фарсуда дар мавриди тарҳрезӣ кардани барномаи корӣ ба мошинҳои коркарди пул монеъаҳо эҷод менамояд. Дар натиҷа самаранокии кори мошинҳо ба андозае паст гардида, моҳияти истифодаи онҳо барои гурубандии пулҳо аз байн меравад. Бо мақсади ба танзим даровардани раванди мазкур аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки Тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро дар таҳрири нав таҳия намояд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми батанзимдарорандаи низоми бонкӣ бо мақсади ба таври доимӣ тоза намудани муомилоти пулии кишвар аз пулҳои фарсуда ва беҳтар намудани сифати пулҳои дар муомилотбуда, инчунин бо мақсади оммафаҳм шудани баъзе бандҳо ва зербандҳо Қоидаҳо оид ба тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия намудани Тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро зарур мешуморад ва ба ин васила ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Дар лоиҳаи Тартиб чораҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

       1) ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоран дар ҳолатҳои зерин пулҳои фарсударо қабул намоянд;

           - пулҳои коғазии чиркиншуда ва равғанолуд, агар унсурҳои ҳимоявиро номаълум  накарда бошад;

- рахшикаста  агар ранги зиёда аз ду рахҳои шикаста рафта бошанд;

- ғиҷимшуда агар аз ҷониби мошини ҳисобкунӣ хонда шавад;

- дорои сӯрохиҳои қутрашон зиёда аз 5 мм,  агар дар натиҷаи хӯрдашавии табиӣ ба вуҷуд

  омада бошад;

- чокҳо ба андозаи зиёда аз 10мм;

- доғҳо аз моддаҳои рангӣ бо қутри зиёда аз 10мм2;

- навиштаҷоти аломатҳои бегона  (калимаҳо ё ададҳо) иборат аз ду аломати дароз ё се аломати

  кӯтоҳ (андозаи 10мм дарозӣ то 30мм паҳноӣ);

- акси тамғаҳо;

- набудани кунҷҳо ва атроф, аз ҷумла қисман сухтагиҳо ба дарозии 5мм. ва паҳноии 5 мм;

- набудани риштаи ҳимоявӣ, агар онҳо ба шинохта шудани аслияти пулҳои коғазӣ монеъ нашаванд

  ва шаҳодати ботил будани пулҳо набошанд;

        2) ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳолатҳои зерин пулҳои осебдидаро қабул намекунанд:

- пулҳои коғазии аз пораҳои бо асбобҳои буранда қасдан буридашуда ва ширешкардашуда, ки сатҳашон камтар аз 90 фоизи сатҳи ибтидоии пулро ташкил медиҳанд ё тааллуқ доштани пораҳои ширешкардашуда ба як пул шубҳаангез бошад;

- дар сурати мавҷудияти ҳатто 100 фоизи сатҳи ибтидоии пулҳои коғазии бо асбобҳои буранда буридашуда, агар ҳаҷм, тарзи буриш ва ширеш кардани онҳо аломатҳои дигаргунсозиро (сохтакорӣ) бо мақсади қаллобӣ дошта бошанд;

- тангаҳое, ки арзишашон, нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмҳои ходимони барҷаста ба дараҷаи шинохтанашаванда осеб дидаанд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

    Дар таҳрири нав таҳия намудани тартиби мазкур ягона роҳи бартараф мушкилиҳо мебошад, зеро маҳз тартиби мазкур муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

     Қабули Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад. Инчунин қабули тартиби мазкур барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ хараҷоти иловагиро ба вуҷуд намеорад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 28.05.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00095-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 28.05.2024
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
95 Ҳа   09.08.2024 Бонки миллии Точикистон