Рақам 1
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, клубхо ва толорҳои варзишӣ, федератсияҳои варзишӣ, шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият менамоянд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 03.04.2019
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 12.12.2019
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 03.07.2019
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар мавҷуд набудани муқаррароти танзимкунанда дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор солҳои зиёд фаъолияти толорҳои хусусии тиҷоратии варзишӣ, фитнес – клубҳо ва клубҳои дигари варзишӣ ба таври худкор ба роҳ монда шуда, ҳатто ҳолатҳои ба макони тоату ибодат табдил додани онҳо ва дар ин раванд тарғиб намудани фарҳанги бегона дар клубҳо ва толорҳои варзишӣ ба назар мерасанд. Бар замми ин, донишу малакаи мураббиёне, ки ба ин клубҳо ва толорҳои варзишӣ ҷалб мешаванд, ба талабот ҷавобгӯ набуда, надоштани донишу малака ва маҳорати дахлдори мутахассисону мураббиён оид ба расонидани хизматрасонии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва хизматрасонии варзишӣ боиси латхурӣ, ҷароҳат, шикастани узви бадан ва дигар зарарҳои ҷисмонии шаҳрвандон гардидаанд.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бо дарназардошти он ки мақомоти ваколатдори давлатӣ, яъне Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ягон ваколати қонунии ворид шудан ва анҷом додани назорати соҳавиро дар толорҳои хусусии варзишӣ надорад ва дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, нишондиҳандаҳои назорати соҳавӣ, аз ҷумла талаботҳо нисбати толорҳои хусусӣ ё мураббиёни он, мавҷуд будани нуқтаҳои тиббӣ ва ғайраҳо пешбинӣ нагардидаанд, зарурати дахолат намудани давлат тавассути таҳияи тартиби намунавии фаъолият ва дар ин замина омӯзиш ва таҳлили фаъолияти онҳо дар робита ба мушкилотҳо ҷой доранд. 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар заминаи Қонуни навтаҳрир таҳия гардидани Тартиби намунавии фаъолияти клубҳо ва толорҳои варзишии хусусӣ ба мақомотҳои санҷишӣ имконият медиҳад, ки дар заминаи қонунгузории минбаъда фаъолияти онҳоро таҳти назорати худ қарор диҳанд. Зеро, дар сурати мавҷуд набудани муқаррароти танзимкунанда дар раванди фаъолияти иншооти варзишӣ, имкони пешбурди идеологияи давлатӣ дар байни машқварзони толорҳои варзишии хусусӣ ва соҳавӣ, пурра воқиф набудан аз муҳити руҳию ахлоқӣ дар чунин иншоот ва дар сурати зарурӣ истифодаи маҳакҳои таъсиррасонӣ имконнопазир мегардад. Чунин рушд ёфтани мушкилиҳо дар оянда метавонад ба тарзи ҳаёти солим ва ҳам тартиботи ҷамъиятӣ таъсир расонад.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳа танҳо дар қисмати ҷорӣ намудани низоми ягона тавассути таҳияи тартиби намунавии фаъолияти клубҳо ва толорҳои варзишии хусусӣ эҳтимоли таъсиррасониро ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар назар дошта, на танҳо барои ҳалли мушкилоти мазкур, балки дар маҷмӯъ танзим намудани соҳа, мукаммал намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тақвият бахшидани фазои ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ бидуни таҳияи лоиҳаи мазкур имконнопазир мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳа танҳо дар қисмати муайян намудани иловапулӣ ба нафақа хароҷоти буҷетиро талаб менамояд, ки пардохти он барои ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ пешбинӣ гардидааст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳамагӣ чор варзишгари тоҷик ба номи баланди ғолиб ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ сазовор гардидаанд, аз ҷумла Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои олимпӣ аз намуди гурзандозӣ (соли 2016), Расул Боқиев аз намуди варзиши дзюдо ҷойи сеюм (соли 20008), Юсуф Абдусаломов аз намуди варзиши дзюдо ҷойи дуюм (2008), Мавзуна Чориева аз намуди бокс ҷойи сеюм (соли 2012). 

Иловапулӣ ба нафақа ҳамагӣ 800 сомониро ташкил дода, ба варзишгарони мазкур пас аз баромадани онҳо ба нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт мегардад.

Ворид намудани меъёри мазкур имкон медиҳад, ки шавқу рағбат ва ҳавасмандии варзишгарон ҷиҳати ноил гардидан ба дастовард дар Бозиҳои олимпӣ ташаккул дода шавад.

Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки меъёр ва тартиби пардохти иловапулӣ ба нафақа танҳо пас аз баромадани варзишгар ба нафақа  пардохт карда мешавад, ки айни ҳол ҳеҷ ягон варзишгарони болозикршуда ба синни нафақа нарасидаанд ва дар соҳаи варзиш фаъолият доранд. 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 07.07.2019
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00001-MMK-oid_ba_ogohinomai_chavonon.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 988606888, farangis-22/03@mail.ru
Санаи нашр 03.06.2019
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
1 Ҳа   08.07.2019 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон