Рақам 23
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 02.03.2020
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 05.05.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в Порядок создания структурных подразделений кредитными финансовыми организациями и их филиалами”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 25.03.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Қайд карда мешавад, ки дар Тартиби амалкунанда марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ зери як мафҳум пешбинӣ шуда, дар амал нофаҳмоиро байни аҳолӣ ба миён меоварад. Таҷриба нишон дод, ки аскар вақт аҳолӣ ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкӣ аз марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои маблағгузории хурд анҷом додани амалиёти бонкиеро талаб менамоянд, ки онҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳуқуқи иҷро намудани онро надоранд, ки ин боиси нофаҳмоӣ гардидааст.

    Бояд тазаккур дод, ки амалиёти бонкие ки аз ҷониби бонкии бонкҳо, бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ анҷом дода мешаванд, аз ҳамдигар фарқ дошта бо қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ ба танзим дароварда мешаванд.

     Аз ин рӯ, ҷиҳати мушаххас пешбинӣ намудани мафҳумҳои маркази хизматрасонии бонкӣ ва маркази хизматрасонии маблағгузории хурд, инчунин барои сари вақт ва бо сифат анҷом додани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён ҷиҳати дар дохили бинои марказҳо ҷойгир кардани маълумот оид ба амалиёти мубодилавӣ, аз ҷумла қурби асъори хориҷӣ дар лавҳаҳои (таблоҳои) тарғиботӣ ва ҳамарӯза бо маблағи кифояи пули миллӣ ва асъори хориҷии нақд таъмин намудани онҳо, тағйиру иловаҳои дахлдор ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо ворид карда мешаванд.

     Бинобар ин, қабул нагардидани қарори мазкур боиси нофаҳмоиҳо вобаста ба хизматрасониҳои бонкии марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд, инчунин овозаҳои беасос дар байни аҳолӣ оид ба амалиёти мубодилавӣ, аз ҷумла қурби асъори хориҷӣ мегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

      Мақсад аз қабули қарори мазкур - мушаххас пешбинӣ намудани мафҳумҳои маркази хизматрасонии бонкӣ ва маркази хизматрасонии маблағгузории хурд, вазифадор намудани ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои ҷойгир намудани маълумот оид ба амалиёти мубодилавӣ, аз ҷумла қурби асъори хориҷӣ дар дохили бинои марказҳо ва инчунин ҳамарӯза бо маблағи кифояи пули миллӣ ва асъори хориҷии нақд таъмин намудани онҳо мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

     Бо қарори мазкур ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо тағйиру иловаҳои дахлдор вобаста ба мушаххас пешбинӣ намудани мафҳумҳои маркази хизматрасонии бонкӣ ва маркази хизматрасонии маблағгузории хурд, инчунин барои сари вақт ва бо сифат анҷом додани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён ҷиҳати дар дохили бинои марказҳо ҷойгир кардани маълумот оид ба амалиёти бонкӣ ва бо пули нақд таъмин намудани онҳо, ворид карда шудааст.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Тағйиру иловаҳо Тартиби мазкур бо назардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” пешбинӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар самти мазкур, мусоидат менамояд.

       Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон корҳои зерин анҷом дода шуданд:

  • Фарқияти маркази хизматрасонии бонкӣ ва маркази хизматрасонии маблағгузории хурд, инчунин амалиёти бонкие, ки аз ҷониби онҳо анҷом дода мешавад ба аҳолӣ фаҳмонида дода шуд;
  • Ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешгирӣ ва роҳ надодани овозаҳои беасос дар байни аҳолӣ, ҷиҳати дар дохили бинои марказҳои хизматрасонии бонкӣ ҷойгир кардани маълумот оид ба амалиёти мубодилавӣ, аз ҷумла қурби асъори хориҷӣ бо таври айёнӣ, шаффофу фаврӣ дар лавҳаҳои (таблоҳои) тарғиботӣ дастур дода шуд;
  • Инчунин барои сари вақт ва бо сифат анҷом додани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён, аз ҷумла аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ дастур дода шуд, ки ҳамарӯза марказҳои хизматрасонии бонкии худро бо маблағи кифояи пули миллӣ ва асъори хориҷии нақд бо дарназардошти ҳаҷми талабот ба амалиёти бонкӣ ва хизматрасониҳо, хусусиятҳои хоси маҳалли ҷойгиршавӣ ва реҷаи кории онҳо таъмин намоянд.
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

     Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани қарори мазкур нофаҳмоиҳо байни аҳолӣ вобаста ба хизматрасониҳои бонкии марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд аз байн рафта, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор мегарданд, ки барои сари вақт ва бо сифат анҷом додани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён,  инчунин ҷиҳати  пешгирӣ ва роҳ надодани овозаҳои беасос дар байни аҳолӣ дар дохили бинои марказҳои мазкур маълумотро оид ба амалиёти мубодилавӣ, аз ҷумла қурби асъори хориҷӣ бо таври айёнӣ, шаффофу фаврӣ дар лавҳаҳои (таблоҳои) тарғиботӣ  ҷойгир ва онҳоро  ҳамарӯза бо маблағи кифояи пули миллӣ ва асъори хориҷии нақд таъмин менамоянд. Дар маҷмуъ қабули қарори мазкур боиси беҳтар шудани сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ мегардад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 10.03.2020
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00023-MMK-tasisi-vokhidkhoi.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 20.02.2020
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
23 Ҳа   07.04.2020 Бонки миллии Точикистон