Рақам 34
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.01.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.03.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок размещения средств страховых резервов страховыми (перестраховочными) организациями
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 20.01.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

       Айни ҳол бинобар сабаби мавҷуд набудани меъёрҳои мақбули мушаххас оид ба ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҷониби онҳо талаботи қонунгузорӣ вобаста ба масъалаи мазкур риоя нашуда истодааст, ки ин боиси таъмин нагардидани иҷрои саривақтии уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба пардохти ҷуброни суғуртавӣ мегардад. 

     Дар ҳолати бе меъёрҳои зарурӣ фаъолият намудани ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) хавфи эҳтимолияти иҷро нагардидани уҳдадориҳо дар назди суғурташавандагон ба вуҷуд меояд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

      Бонки миллии Тоҷикистон Тартиби мазкурро тибқи талаботи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” таҳия намуд, ки мақсадҳои асосии он фароҳам омадани имконияти саривақт ва пурра иҷро гардидани уҳдадориҳо аз тарафи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар назди суғурташудагон ва  пурзӯр намудани назорат аз рӯи фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷиҳати саривақт иҷро гардидани уҳдадориҳои ба зимагирифташуда мебошанд. 

 

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

       Дар Тартиби мазкур чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

  • муайян намудани номгӯи дороиҳое, ки дар онҳо захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир карда мешаванд;
  • муайян намудани дороиҳои пардохтпазириаш баланди ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
  • муқаррар намудани талаботҳои ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавӣ ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо шартҳои диверсификатсия, бозоргирӣ, баргардонӣ ва даромаднокӣ;
  • саривақт ва дар муҳлатҳои муайян пешниҳод намудани ҳисобот оид ба иҷрои меъёрҳои муқарраргардида аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

        Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори назорати суғуртавӣ бо мақсади устувории низоми бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккулдиҳии инфрасохтори бозори суғурта бо ташкилотҳои суғуртавӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти устувор намудани вазъи молиявӣ  ва таъмини сатҳи молиявию иқтисодӣ онҳо амалӣ намуда истода, ҳалли масъалаҳои пурзур намудани  танзиму назорати бозори суғурта, тақвият бахшидан ба фазои озоди рақобатноки суғурта, инчунин ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ бе қабул гардидани Тартиби мазкур ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

 

Қабули Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • сифати хизматрасониҳои суғуртавӣ ба аҳоли беҳтар мегардад;
  • барои саривақ иҷро гардидани уҳдадориҳои базиммагирифтаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мусоидат менамояд;

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур

  • барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) самтҳои афзалиятноки иқтисодиётро ҷиҳати сармоягузориҳо муайян менамояд;
  • хароҷотҳои ғайримақсадноки ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро маҳдуд менамояд;
  • самтҳои ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавиро ба намудҳои мушаххаси дороиҳо ва меъёрҳои онҳоро муайян менамояд;
  • дар рушиду нумуъи иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 20.01.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00034-MMK-Tartib-joigirkuni-mablagh-sugurta.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 17.12.2020
Сабтҳо 1 то 1 аз 1
 
Рақам
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа
Сабаби рад кардан
Сана
Таҳиягар
34 Ҳа   06.04.2021 Бонки миллии Точикистон